Раисҷумҳури Қирғизистон: “Путин ба ман қулдурӣ мекунад”

Қирғизистон шароити Кремлин барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Гумрукӣ (ИГ) таҳти раҳбарии Русияро ғайри қобили қабул хондааст.
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар нишасте хабарӣ дар шаҳри Бишкек гуфтааст: “Мо роҳеро интихоб хоҳем кард, ки ҷавобгӯйи манофеъи мардуми Қирғизистон бошад. Касе наметавонад ба ман қулдурӣ (шонтож) кунад.”
Оқои Отамбоев гуфтааст, ки танҳо дар сурати иҷро шудани тақозоҳои Бишкек Қирғизистон ба ин ниҳод мепайвандад.
Ба ин тартиб, ӯ расман эътироф карда, ки Кремлин тавассути иръоб ва тарс додан ин ҷумҳурии собиқи Шӯравиро водор ба пайвастан ба Иттиҳодияи Гумрукии таҳти кунтрули худ кардааст.
То ҳол мақомоти Укройн ва Арманистон ба таври диплумотик вуҷуди фишор аз ҷониби Русия барои пайвастан ба ин ниҳодро рад кардаанд.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон зимни шарҳи “нақшаи роҳ”-и узвияти Қирғизистон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ дар ин замина ибрози назар кардааст.
Қаблан, Ҷомарт Отарбоев, муъовини аввали нахуствазири Қирғизистон, гуфта буд, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи Гумрукӣ дар моҳи гузашта бидуни ширкати Қирғизистон “нақшаи роҳ” барои пайвастани ин кишвар ба ин иттиҳодияро баррасӣ кардаанд, ки ҷавобгӯйи манофеъи Қирғизистон набудааст.
Дар ҳамин ҳол, Александр Князев, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна, ба рӯзномаи “Независимая газета”-и чопи Маскав гуфтааст, ки гузашти Русия ба Укройн, аз ҷумла ҳудуди ду баробар пойин бурдани қимати гози интиқолӣ ва кумаки молии 16-милёрддулорӣ ба ин кишвар Қирғизистонро барои касби вуҷӯҳи молӣ аз Русия барои пайвастан ба ИГ ташвиқ кардааст.
Зимнан, дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии УруОсиё дар шаҳри Мински Белорус дар моҳи октябри соли ҷорӣ Русия, Белорус ва Қазоқистон, кишварҳои узви Иттиҳодияи Гумрукӣ (ИГ) аз талошҳои Арманистону Қирғизистон барои пайвастан ба ин ниҳод пуштибонӣ карданд ва барои омода сохтани “нақшаи роҳ” ба манзури шомил пайвастани ин ду кишвар ба ИГ гурӯҳи корӣ таъсис шуда буд.
Бо вуҷуди эътирози аҳзоби мухолифи давлат Арманистон дар авохири моҳи гузашта “нақшаи роҳ” барои вуруд ба ИГ-ро имзо кард.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ шитоб намекунад.
Се рӯз қабл, Суҳроб Шарифов, намояндаи порлумони Тоҷикистон, дар ҳамоиши байналмилалии “Русия ва кишваҳои Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар шароити феълӣ бахши аслии будҷеи давлати Тоҷикистонро даромад аз аворизи гумрукӣ ташкил медиҳад ва дар сурати пайвастан ба ИГ ин бахши даромад ҷиддан коҳиш хоҳад ёфт.
Аз сӯйи дигар, оқои Шарифов таъкид кардааст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки пайвастани Қирғизистон ба ин ниҳод чи паёмадҳое барои иқтисоди ин кишвар хоҳад дошт, Тоҷикистон аз таҷрубаи ин кишвар барои ҳамкорӣ бо ИГ истифода хоҳад кард.
Сарони Русия, Қазоқистон ва Белорус 6 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар бораи таъсиси Иттиҳодияи Гумрукӣ тавофуқ карданд.
Моҳи июли соли 2010 қонуни гумрук дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Гумрукӣ ба мавриди иҷро даромад ва фаъъолияти ин ниҳод расман шурӯъ шуд.
