Иҷораи мошинолоти кишоварзӣ бо баҳраи андак аз 'Тоҷикагролизинг'
Image copyrightBBC World ServiceШиркати давлатии "Тоҷикагролизинг”дар соли 2013 бо дархости ширкатҳои кишоварзӣ беш аз 100 троктурро бо баҳраи андак ба кишоварзон ба иҷора ё лизинг додааст.
Саидмурод Хайриддинов, раиси ин ширкат, дар як нишасти хабарӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 30 январ доир шуд, гуфт, ки ширкатҳои кишоварзӣ дар саросари ин кишвар ба ҳудуди 20 ҳазор троктурҳои тасмачарх ва наздики ду ҳазор троктурҳои вижа барои дарави гандум ниёз доранд.
Оқои Хайриддинов гуфт: "Дар ҳоле, ки бонкҳои кишвар барои харидории мошинолоти кишоварзӣ барои соҳибкорон ва кишоварзон бо 36 дарсад баҳра вом пешниҳод мекунанд, ширкати мо бо 14.6 дарсад баҳра барои се сол ин фанновариро дар ихтиёри кишоварзон мегузорад."
Ин дар ҳолест, ки бештари иқтисоддонҳо мегӯянд, ки мушкили аслии ширкатҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон набуди фанноварии мудерн, аз ҷумла троктурҳо ва мошинолоти дигари ин арса, аст.
Ба гуфтаи онҳо, ба ин далел кишоварзон наметавонанд тақозои бозорҳои дохилиро барои маҳсулоти кишоварзӣ ба таври кофӣ таъмин кунанд.
Бештари кишоварзони тоҷик сарфи назар аз гарон будани қимати троктурҳои сохти Белорус ва Олмон онҳоро харидорӣ мекунанд, зеро ба гуфтаи кишоварзон, ин фанноварӣ кайфияти беҳтаре дошта ва аз онҳо метавон барои солҳои тӯлонӣ истифода кард.
Чанд сол қабл “Тоҷирон”, як корхонаи троктурсозии эронӣ, дар шаҳри Душанбе ба фаъъолият оғоз кард ва қарор буд, ки барои ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон мошинолоти мудернро таъмин кунад.
Ба ин суол, ки чаро ширкати "Тоҷикагролизинг" троктурҳои “Тоҷирон”-ро кам харидорӣ мекунад, оқои Хайриддинов чунин посух дод: "Корхонаи мо бо суфориши соҳибкорон ва раҳбарони ширкатҳои кишоварзӣ фанновариро ба кишвар ворид мекунад. Ва навъу намуд ва морки трокурҳо ва ё дигар мошинолоти кишоварзиро худи фармоишгарон интихоб мекунанд."
Ҳамчунин, дар заминаи фанноварии кишоварзӣ корхонаи "Тоҷикагролизинг" баъзе мошинҳои кишоварзӣ ва васоили дигари барои кишт ва ҷамъоварии маҳсулот дар мазореъи кишоварзиро аз корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла “Текстилмаш” ва “Новселмаш”, харидорӣ мекунад.
Аммо ба далели камбуди манобеъи молӣ ин ширкат имкони харидории троктурҳои бештареро надоштааст.
Дар соли гузашта ин ширкат аз корхонаи тавлиди троктури шаҳри Минск, пойтахти Белорус, ҳудуди 100 троктур ба маблағи беш аз 2 милюн дулори омрикоӣ ва аз корхонаи ҳамгуне дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, 60 вогунча барои троктур ба Тоҷикистон ворид кардааст.
Ҳамчунин, ин ширкат аз корхонаи "Чирчиқселмаш"-и Узбакистон 40 адад кишткор (култиватор) ва аз корхонаи "Автомаш-Радиатор"-и Қиғизистон 52 адад троктур харидорӣ карда ва дар ихтиёри кишоварзон ва ширкатҳои деҳқонӣ гузоштааст.
Ширкати "Тоҷикагролизинг" 3 ноябри соли 2007 тибқи мусаввабаи вижаи давлати Тоҷикистон таъсис шуда ва ҳадаф аз таъсиси он кумак ба ширкатҳои кишоварзӣ унвон шуда буд.
Ин ширкат бо пардохти 20 дарсади маблағ ба ширкатҳои кишоварзӣ ба муддати се сол бо баҳраи андак троктурҳо ва фанноварии дигари мавриди ниёзи кишоварзонро тибқи қарордоди лизингӣ харидорӣ мекунад ва дар ихтиёри кишоварзон мегузорад.
