Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар арсаи кишоварзӣ

  • 27 Январ, 2014
Қосим ҚосимовImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Қосимов гуфт, ки дар соли 2014 кишоварзони тоҷик ва Чин дар вилояти Хатлон як корхонаи тавлиди равғани наботиро фаъъол мекунанд

Масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамкориҳо дар арсаи кишоварзии Тоҷикистон бо кишварҳои мухталифи хориҷӣ дар ҳоли тавсеъа аст.

Вазири ин ниҳод мегӯяд, ки қарор аст дар соли 2014 кишоварзони тоҷик ва Чин дар вилояти Хатлон як корхонаи тавлиди равғани наботиро фаъъол кунанд.

Ҳамчунин Қосим Қосимов рӯзи ҷумъаи 24 январ дар нишасти матбӯъотии ин вазорат гуфт, ки ниҳоди онҳо ҳамеша барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба арсаи кишоварзӣ талош мекунад.

Вай афзуд: "Дар соли ҷорӣ мо ҳамроҳ бо ширкати кишоварзӣ аз Чин дар ду ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ваҳдат корхонаҳо барои тавлиди равғани наботӣ ва омода кардани байза барои кишоварзон фаъъол хоҳем кард.”

Ҳамчунин оқои Қосимов мегӯяд, ки барои таъмин маҳсулоти кишоварзии ватанӣ барои сокинон вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо вазорати кишоварзии Туркия ҳамкориҳо барои бунёди гармхонаҳо барои парвариши мева ва сабзиҷотро ба роҳ мондааст.

Афзун бар ин, бунёди ин гармхона чун барномаи озмоишӣ хоҳад буд ва дар он кишоварзони тоҷик ба омӯзиши бунёд ва истифода аз фановарии гармхонаҳои замонавӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Ҳамзамон Туркия фанноварӣ барои кишоварзонеро, ки чунин гармхонаҳоро хоҳанд сохт, фароҳам мекунад.

Масъулони арсаи кишоварзӣ мегӯянд, ки барои ҷалби сармояи хориҷии бештар ба арсаи кишоварзӣ ва фаъъол кардани корхонаҳои мухталиф бархе аз мушкилоти мавҷуда дар Тоҷикистон, аз ҷумла камбуди нерӯи барқ ва об, бояд рафъ шавад.

Ин дар ҳолест, ки вазири кишоварзӣ мегӯяд, ки чанд соли қабл онҳо ҳудуди 500 ҳектор заминро, ки мавриди истифодаи кишоварзони тоҷик набуд, дар ихтиёри ширкати чинии мавсум ба “СинзянИнхай” вогузоштаанд.

Вай афзуд: “Мо бар асоси тавофуқи дуҷониба ин заминҳоро дар ихтиёри онҳо гузоштем ва фаъъолияти чиниҳо дар ин арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон назаррас аст.”

Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти матбӯъотӣ аз хабарнигорон низ даъват кард, ки ба ин минтақа сафар кунанд ва фаъъолияти кишоварзони чиниро арзёбӣ кунанд. Ин ширкати чинӣ дар ин заминҳо ба парвариши панба ва зуррат (ҷуворимакка) машғул аст.

Ҳамчунин онҳо дар ду ҳектор замин гармхонаи мудерн бунёд карда ва онро барои парвариши сабзиҷот дар фасли зимистон ихтисос додаанд. Беш аз 50 дарсади кормандоне, ки дар ин заминҳо ба кишоварзӣ машғул ҳастанд, аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ будаанд.

Аз сӯйи дигар, масъулони арсаи кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар заминаи моҳипарварӣ ва мурғпарварӣ бо Эрон, Укройн ва Русия низ ҳамкориҳо мекунанд.

Раҳбари ин ниҳод мегӯяд, ки барои маҳсулоти кишоварзӣ бо кайфияти хуб дар назар аст дар ояндаи наздик онҳо заминҳои ба истилоҳ бекорро дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзии Ҳинд гузоранд.

Бо ин вуҷуд, дар панҷ соли ахир кишоварзони Тоҷикистон натавонистаанд дар бозорҳои дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро таъмин кунанд. Аз ин рӯ, сол то сол маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, аз ҷумла Чин, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон, дар бозорҳои шаҳру навоҳии мухталифи ин кишвар бештар мушоҳида мешавад.

Қимати бархе аз ин мавод низ дар муқоиса бо маҳсулоти дохилии кишоварзӣ арзонтар будааст.

Матолиби муртабит