Тарҳи 17 милюндулорӣ барои беҳбуди вазъи кишоварзони тоҷик

  • 4 Октябр, 2013

Давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 4-уми октябр тарҳи мушатараки ҳудуди 17 милюндулориеро дар манотиқи рустоии ин кишвар дар заминаи тавсеъаи пойдор ва захоири табиъӣ роҳандозӣ кардааст.

Бонки ҷаҳонӣ дар баёнияе дар ин бора гуфтааст, ки 21 ҳазор хонавода ё 126 ҳазор шаҳрванд баҳрабардорони ин тарҳ хоҳанд шуд ва тасаввур мешавад, ки ҳудуди 40 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Интизор меравад афзоиши даромади сокинони манотиқи рустоӣ аз ҳисоби истеҳсолоти рустоӣ ва сармоягузорӣ ба бахши идораи замин аз натоиҷи ин тарҳ бишавад.

Марша Олив, як масъули намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар баёнияи мазкур таъкид кардааст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазиртарин дар миёни кишварҳои Урупо ва Осиёи Миёна дар баробари тағйири иқлим аст.

Ӯ гуфт, дар доираи тарҳи муштараки ин бонк ва давлати Тоҷикистон сокинони манотиқи кишоварзӣ дар бораи паёмадҳои тағйироти ҳаво ва ҷилавгирӣ аз таъсири манфии ин раванд дар корҳои кишоварзӣ огоҳ хоҳанд кард.

Тоҷикистон як кишвари камзамин ва кӯҳистониест, ки беш аз ниме аз сокинони он рӯзғори худро аз роҳи кишоварзӣ таъмин мекунанд.