Рафъи хатароти ношӣ аз ҳуҷуми малах ба мазореъи кишоварзӣ

  • 18 Июл, 2013

Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки хатароти ношӣ аз ҳамлаи малах ба мазореъи кишоварзӣ дар ин кишварро дар соли ҷорӣ рафъ кардаанд.

Раиси бахши мубориза бо малахи ин вазорат мегӯяд, ки дар корзори мубориза бо малах дар соли ҷорӣ муваффақ шуда ва ҳамакнун хатари нобуд шудани маҳсулоти кишоварзӣ аз ин ҳашароти зараровар дар мазореъ вуҷуд надоштааст.

Ҳамчунин Қиёмиддн Ғаниев, рӯзи панҷшанбеи 18 июл дар нишасти матбӯъотии масъулони вазорати кишоварзӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ онҳо дар 103 ҳазор ҳектор мазореъи кишоварзӣ корзори зидди малахро анҷом додаанд.

Вай афузд, ки ин омор дар муқоиса ба соли гузашта 30 ҳазор ҳектор замин бештар будаааст. Ӯ мегӯяд, ки хатароти ҳуҷуми малах дар соли ҷорӣ бештар ба мазореъ дар водии Вахш, се ноҳия дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, панҷ ноҳия дар водии Ҳисор ва ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон вуҷуд дошт.

Оқои Ғаниев ҳамчунин гуфт, ки ахиран аз ҳисоби давлат ва бо кумаки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ миқдоре аз фановарии зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи меконикӣ барои пош додани моддаи зидди малахро харидорӣ кардаанд.

Масъулони бахши мубориза бо малахи вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки ду ҳавопаймои вежа барои пош додани моддаи зидди малах дар ихтиёр доранд. Аммо онҳо мегӯянд, ки бо мулоҳизоти олуда накардани табиъати атроф ва сокинони манотиқи наздик ба мазореъи кишоварзӣ кормандони ин бахш аз истифодаи ҳавопаймоҳо даст кашидаанд.

Ба гуфтаи раиси ин бахш онҳо тасмим гирифтанд, ки дар дар оянда барои нобуд кардани малах дар мазореъи кишоварзӣ аз маводди биоложии мавсум ба “метерозим”, ки барои мардум ва табиъату ҳайвоноти хонагӣ безарар будааст, истифода кунанд.