Рустоҳои марзӣ: маводди мухаддир рӯзгори сокинонро табоҳ карда
Image copyrightBBC World ServiceСавлатмоҳ номи мустаъори як зани 60-сола аз ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки дар рустое ҳаммарз бо Афғонистон зиндагӣ мекунад.
Як сол қабл зиндагии осудаи аъзои хонаводаи Савлатмоҳ, ки ба кишоварзӣ ва боғпарварӣ машғул буданд, тағйир ёфт ва ҳоло онҳо мегӯянд, ки мисли солҳои пеш хушбахт нестанд.
Холаи Савлатмоҳ гуфт, ки ду фарзанди ҷавони ӯ ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт шуда ва акнун дар зиндон ба сар мебаранд.
Вай мегӯяд: "Намедонистем, ки фарзандонамон ба чӣ кор даст заданд, вале баъди боздошти онҳо огоҳ шудем, ки аз афғонҳо маводди нашъадор (мухаддир) гирифта, мефурӯхтаанд. Як писарам дар шаҳри Маскав боздошт шуд ва дигараш дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба даст афтид."
Ба гуфтаи ӯ, баъди боздошт ва зиндонӣ шудани фарзандонаш, ҳамсарони онҳо фарзандони хурдсоли худро гузошта ва хонаро тарк кардаанд. Ҳамакнун парастории чаҳор набераи кӯчак бар дӯши ӯ ва шавҳари бознишаста ва маълулаш будааст.
Мулоқотҳо бо мардум
Дар ҷануби Тоҷикистон ҳашт ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон вуҷуд дорад. Пулиси Хатлон мегӯяд, ки бархе аз рустоиён дар манотиқи марзӣ, ки бо қочоқбарони афғон дар қочоқи маводди мухаддир ҳамдаст будаанд, боздошт ва барои солҳои мухталиф ба зиндон маҳкум шудаанд.
Бар асоси иттилоъи ин ниҳод, бештари онҳое, ки дар вилояти Хатлон даст ба қочоқи ин мавод мезананд, аз манотиқи марзии минтақаи Кӯлоб ҳастанд.
Дар соли 2005 марзбонони Русия ҳифозати марзҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистонро ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон вогузор карданд.
Ниҳодҳои интизомии филояти Хатлон мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир дар ин вилоят барномаҳои зиёдеро ба мавриди иҷро гузоштаанд.
Масъулони маҳаллии Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар чорчӯби барномаи “Тоҷикистон зидди маводди мухаддир” дар рустоҳои марзӣ бо Афғонистон бо сокинон дар бораи авоқиби ногувори қочоқи ин мавод ва масрафи он суҳбат мекунанд.
Ҷамолиддин Саймуддинов, як масъули ин ожонс, ба Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо волидони афродеро, ки ба ҷурми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд, низ ба ин мулоқотҳо даъват мекунанд.
Оқои Саймуддинов мегӯяд, ки дар мулоқотҳо мардум аз мушкилоте, ки қочоқи маводди мухаддир ба сари хонаводаҳо меорад, аз забони падару модароне, ки фазандонашон аз озодӣ маҳрум шудаанд, мешунаванд.
Ва ӯ афзуд: "Ин мулоқотҳо бештар дар рустоҳои ҳаммарз бо Афғонистон баргузор мешаванд. Аммо дар рустоҳои марзӣ манотиқи душворгузаре мавҷуд аст, ки қочоқбарон бештар кӯшиши интиқоли маводди мухаддиро аз он ҷо ба қаламрави Тоҷикистон мекунанд. Мо тасмим дорем бо сокинони ин манотиқ низ мулоқотҳое доир кунем."
Аз сӯи дигар, оқои Саймуддинов гуфт, ки ба хотири ҷалби рустоиён ба ин мулоқотҳо онҳо аз овозхонҳои маъруф ва ҳаҷвнигорони саршинос истифода мекунанд, ки ин таҷруба бори аввал дар вилояти Хатлон амалӣ шудааст.
Ҷурм аз нодорӣ ва фақр?
Масъулони Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо тасмим доранд марзбонони афғонро низ барои ширкат дар ин мулоқотҳо даъват кунанд.
Як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки худро дар суҳбати телефунӣ Раҷабхол муъаррифӣ кард, гуфт, ки фарзанди ӯро ду сол қабл барои қочоқи маводди мухаддир дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт кардаанд.
Вай мегӯяд: "Фарзанди ман ба хотири ба даст овардани пули зиёд ва таъмини васоили зиндагӣ ба ин кор даст задааст ва ҳоло дар зиндон ба сар мебарад."
Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар соли 2013 аз вилояти Хатлон 264 нафар ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд, ки 103 нафар аз онҳоро ҷавонони зери синни 29 ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, 64 нафар аз сокинони ин вилоят дар шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Русия барои интиқоли ин мавод боздошт шудаанд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи мақомоти вилояти Хатлон, дар соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилоят 23 нафар аз шаҳрвандони Афғонистон ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар бештари авқот ҷавонони хатлонӣ ба далели надоштани шуғл ва маъоши муносиб ва дар асари фақру нодорӣ водор мешаванд, ки даст ба иртикоби ин ҷурм зананд.
Толиб Назаров, муъовини бахши вазорати умури дохилӣ дар Хатлон, мегӯяд, ки танҳо ниҳоди онҳо дар соли 2013 як туну 600 килуграм маводди мухаддир мусодира кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2012 беш аз 320 килграм зиёдтар будааст.
Дар вилояти Хатлон шумори масрафкунандагони ин мавод низ дар соли 2013 нисбат ба соли пеш чаҳор дарсад афзоиш ёфтааст.
