Боздошти як афсари собиқи пулис ба занни қочоқи маводди мухаддир

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (ВУД) хабари боздошти як корманди ин ниҳод ба ҳангоми қочоқи маводди мухаддирро рад кард.
Дар баёнияи ВУД, ки субҳи ҷумъаи 6 декабр дар сойти расмии ин вазорат мунташир шуд, омадааст: "Мансур Холмуродов барои мунтазам вайрон кардани интизоми хидматӣ дар таърихи 29.03.2013 аз мақоми худ озод карда шудааст."
Дар ин баёния таъкид шуда, ки оқои Холмуродов, собиқ ваколатдори калони бахши кофтукови ҷиноии Идораи пулиси шаҳри Душанбе, рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ шаҳрванд К-ро ба гумони таҷовуз ба номус боздошт карда, аммо дар ин замина санади расмӣ таҳия накардааст, ки ин амал муғойир бо меъёрҳои ҳуқуқӣ аст.
Вазорати умури дохила гуфтааст, ки ба далели нақзи мукаррари интизоми хидматӣ, боздошт ва нигаҳдории ғайриқонунии шаҳрванд К. ба муддати 3 соъат Мансур Холмуродов аз суфуфи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон ихроҷ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи ҷорӣ Мансур Холмуродов дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бо беш аз 11 килуграм ҳашиш аз ҷониби маъмурони амниятӣ дар ин вилоят боздошт ва дар гузоришҳои мухталиф “капитани (сарвони) вазорати умури дохила” муъаррифӣ шуда буд.
Бино ба иттилоъи манобеъи амниятии вилояти Суғд, дар ҷараёни ин амалиёт Ҳақназар Ҳақназаров ва Мурод Олимов, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҳамдастони оқои Холмуродов, низ боздошт шудаанд.
Ин манобеъ гуфтаанд, ки Мансур Холмуродов маводди мухаддирро дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон харидорӣ карда ва қасд доштааст тавассути вилояти Суғд ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон мунтақил кунад.
Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ низ дар шоҳроҳи масири Хуҷанд-Ғафуров Бароталӣ Бекматов, як корманди пешини пулис ва Фатҳулло Саидов, як сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ба ҳангоми қочоқи 6 килуграм ҳеруин дастгир шуда буданд.
