'Тағйири масири' интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба Урупо
Image copyrightBBC World ServiceОжонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ҳодисаи талош барои интиқоли миқдори зиёди маводди мухаддир тавассути марзҳои Арманистонро "тағйири масири интиқоли маводди мухаддир" аз Афғонистон ба Урупо арзёбӣ кардааст.
Ин ожонс дар торнамои (сойти) расмии худ навиштааст, ки ҳамакнун маводди мухаддир аз Афғонистон ба Урупо аз тариқи хатти ҷадиди мавсум ба “Шимоли баҳри Сиёҳ” мунтақил мешавад.
Зимнан, бино ба иттилоъи Идораи амнияти миллии Арманистон дар гузаргоҳи марзии ин кишвар бо Эрон ҳудуди як тун ҳеруин кашф ва мусодира шудааст.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, дар комюне, ки ба Автандил Мартиашвилӣ, як табаъаи Гурҷистон, мутаъаллиқ буда ва аз Эрон ба Гурҷистон ҳаракат мекард, 47 бастаи ҳеруин дар ҳаҷми 927,6 килуграм кашф шудааст.
Гуфта шуда, ки арзиши ин миқдор ҳеруин дар бозори “сиёҳ” беш аз 100 милюн дулор аст.
Дар ҷараёни корҳои тафтишотӣ рӯшан шуда, ки Усмон Угурлуи 40-сола, як табаъаи Туркия, аз созмондиҳандагони ин масири интиқоли ҳеруин маҳсуб шуда ва тибқи нақша ин маводди мухаддир аз Гурҷистон ва Арманистон ба Туркия бояд мунтақил мешуд.
Қаблан масирҳои аслии интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистон мегузашт.
Зимнан, дар соли гузашта ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон аз қочоқбарон ба миқдори 6 тун маводди мухаддир кашф ва мусодира кардаанд.
