Боздошти ду хориҷӣ ба занни қочоқи мухаддир дар Тоҷикистон
Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон аз боздошти ду табаъаи хориҷӣ ба занни қочоқи маводди мухаддир хабар дод.
Мавриди аввал рӯзи сешанбеи 21 январ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рух додааст. Маъмурон як сокини 35-солаи вилояти Тахори Афғонистонро боздошт кардаанд, ки бо худ беш аз бист килуграм бангдона ҳамл мекард.
Мақомот мегӯянд, ки ин фард дар гузашта барои қочоқи ҳеруин дар Тоҷикистон барои 15 сол ба зиндон маҳкум шуда буд ва сипас барои адои ҷазо ба Афғонистон мустарад шуда буд.
Мавриди дувум низ рӯзи 21 январ дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон рух дода ва маъмурон ронандаи мошинеро боздошт кардаанд, ки бо худ ҳашиш доштааст.
Дар ҳамин ҳол, бахши Ожонси мубориза бо маводди мухаддир дар вилояти Суғд хабар дода, ки дар соли 2013 нуҳ табаъаи хориҷиро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт кардааст.
Дар миёни ин афрод шаш табаъаи Қирғизистон, ду сокини Афғонистон ва як шаҳрванди Қазоқистон будаанд.
