Додситонии Хатлон иддаъои шиканҷа шудани Умед Тешаевро рад кард

  • 27 Феврал, 2014
Умед ТешаевImage copyrightBBC World Service
Image caption Додситонӣ гуфта, ки оқои Тешаев дар зиндон мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст

Додситонии Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ки дар андоми Умед Тешаев, маҳбуси муттаҳам ба қатли Қаюм Умаров, раиси боздошгоҳи шаҳри Кӯлоб, осоре аз шиканҷа нест.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои маҳаллӣ аз қавли пайвандони оқои Тешваев аз эъмоли шиканҷа нисбат ба ӯ дар зиндон хабар додаанд. Аз ҷумла гуфта шуда, ки ин зиндонӣ дар мулоқот бо вакилаш аз буридани як гӯшаш ва гурусна нигоҳ доштанаш дар зиндон шикоят кардааст.

Музаффар Юсупов, раиси бахши бозҷӯйии ҷароими сангини додситонии Хатлон ва роҳбари гурӯҳи таҳқиқи парвандаи қатли Қаюм Умаров дар ин бора гуфт: "Дар баъзе расонаҳо аз қавли хонаводаи Умед Тешаев гузориш шуда, ки гӯё дар зиндон ӯ шиканҷа шудааст. Аммо дар тани ӯ осоре аз шиканҷа надидем ва аз рӯзи аввали боздошт ӯ аз хадамоти вакили мудофеъ бархурдор шудааст."

Сокинони вилоят гуфтаанд, ки шояд ин қатл фармоишӣ ё гурӯҳӣ сурат гирифта бошад, аммо додситонӣ гуфта, ки Умед Тешаев ин корро дар танҳоӣ анҷом дода ва нишоне аз фармоишӣ будани қатли оқои Умаров мушоҳида нушудааст.

Пас аз қатли Қаюм Умаров, раиси боздоштгоҳи Кӯлоб, ки рӯзи якшанбеи 16-уми феврал рух дод, дар бисёре аз расонаҳо ин суол матраҳ шуд, ки ӯ бо доштани иттилоъ, ки Умед Тешаев дар гузашта ба ҷурми қатл зиндонӣ шудааст, чи тур бидуни муҳофиз як зиндониро ба утоқи корияш роҳ додааст?

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Юсуфов гуфт, ки ҳеч асаре аз шиканҷа дар андоми Тешаев дида нашудааст

Музаффар Юсупов дар посух ба ин суол гуфт: "Ин ҳолат мавриди барасӣ қарор дошта ва дар сурати пайдо шудани иттилоъ ба расонаҳо гузориш медиҳем."

Гуфта мешавад Қаюм Умаров оқои Тешаевро барои ороиш ё кӯтоҳ кардани мӯйи сараш ба утоқи кориии худ даъват карда буд, аммо ӯ бо қайчӣ ду зарба ба сар ва 16 зарба ба танаш ворид кардааст.

Тибқи иттилоъи додситонҳо, Умар Қаюмов, 66-сола, баъди бардоштани ҷароҳати вазнин худро олудаи хун берун аз утоқаш кашида ва исми яке аз ҳамкоронашро гирифта, илтиҷо кардааст, ки “ҷони маро бихаред.”

Вай ҳангоми интиқол ба бемористони марказии шаҳри Кӯлоб ҷони худро аз даст додааст.

Дар аксҳои додситонҳо дида мешавад, ки Қаюм Умаров, барои ороиши мӯйи сари худ дар утоқаш омодагӣ дида, барои касиф нашудани фарш порчаеро онҷо гузошта ва дигар асбоби ороиши мӯйро онҷо гузоштааст.

Додситонӣ алайҳи Умед Тешавев тибқи моддаи 104-и қонуни кайфарии Тоҷикистон (қисми 2) ба иттиҳоми қатл парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқи ин ҳодисаро идома медиҳад.

Соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон Умед Тешаевро, ки 30 сол дорад, ба ҷурми қатли як сокини ин шаҳр, ки бар тани ӯ 54 зарби чоқу ё корд ворид карда буд, барои 17 сол равонаи зиндон кард.