Оё Донишгоҳи омӯзгории Душанбе кишоварз тарбият мекунад?

  • 1 Апрел, 2014
Донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Донишҷӯён дар тан либоси корӣ надоштанд ва бо либосе, ки дар дарсҳо ҳозир мешаванд, белу каланд мезаданд

Субҳи рӯзи сешанбеи аввали апрел иддае аз донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе машғули белзанӣ дар атрофи ин донишгоҳ буданд.

Дар назди бинои донишгоҳ чанд нафар аз омӯзгорон низ ба назар мерасиданд, ки зоҳиран ба кори донишҷӯён назорат мекарданд, саҳнае, ки ба кори коргарони колхоз дар замони шӯравӣ шабоҳат дошт.

Наздик шудам ва аз бархе донишҷӯён пурсидам, ки магар дарс надоранд, ки дар берун аз утоқҳои дарсӣ ба корҳои дигар машғуланд?

Яке аз донишҷӯён гуфт, ки ҳоло навбати дарси физика аст, аммо устодони донишгоҳ онҳоро аз дарс муъоф кардаанд, то заминҳои назди донишгоҳро ба гунае ба тартиб дароваранд.

Ин дар ҳолест, ки барои поксозӣ ва гулкории заминҳои назди роҳҳои перомуни донишгоҳ ниҳоди шаҳрдорӣ муваззаф аст ва донишҷӯён бояд дар вақти дарс машғули омӯзиш бошанд.

Маъмулан умури ободонии муҳавватаи донишгоҳҳо низ ба уҳдаи боғбонон ё кормандони вижаи дигар аст, ки барои ин корашон маъош дарёфт мекунанд. Лоақал дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон чунин аст.

Иддае аз донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣ, ки дар даст бел доштанд, бо дидани ин ки ман аз онҳо аккосӣ мекунам, белҳоро як сӯ гузоштанду аз назди ман фирор карданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Аминов муътақид аст, ки корҳои ободонӣ раванди таълим дар донишгоҳро мухтал намекунад

Афзун бар ин, донишҷӯёни машғули кори кишоварзӣ дар тан либоси корӣ надоштанд ва бо либосе, ки дар дарсҳо ҳозир мешаванд, белу каланд мезаданд.

Замоне ки ман машғули суҳбат бо иддае аз донишҷӯён будам, чанд нафар аз омӯзгорони донишгоҳи омӯзгорӣ ба наздам омаданд ва ману хабарнигори дигареро ба дохили бинои донишгоҳ даъват карданд.

Искандар Аминов, муъовини раиси Донишгоҳи омӯзгории Садриддин Айнӣ, гуфт, ки масъулон аз ҳар гурӯҳ чанд нафар донишҷӯро муваззаф кардаанд, ки барои омода кардани “Иди гулҳо”, ки қарор аст рӯзи 5 апрел дар донишгоҳ доир шавад, дар назди бинои донишгоҳ гул шинонанд.

Оқои Аминов афзуд: "Мо протсеси кори (раванди таълим дар) донишгоҳро халалдор накардаем, танҳо мехоҳем атрофи донишгоҳро, ки замини мо аст, барои ид омода созем."

Оқои Аминов ҳамчунин гуфт, ки ҷалби донишҷӯён ба “меҳнат” (кор) яке аз мақсадҳои аслии омӯзгор мебошад ва барои донишҷӯ низ дар зиндагии ояндааш лозим аст.

Вале яке аз роҳгузарон, ки нахост номаш ифшо шавад, ин суолро матраҳ кард: "Чиро донишҷӯёни риштаи омӯзгорӣ бояд нарм кардани замин ва гулшинонӣ ва аз ин даст корҳоро ёд бигиранд? Магар қарор нест ин донишҷӯён омӯзгор шаванд? Шояд беҳтар буд дар донишгоҳи кишоварзӣ таҳсил кунанд?"

Ба ҳар ҳол, ба назар мерасид, ки донишҷӯён ҳам ба иҷрои ин корҳо аз худ чандон алоқамандии хоссе нишон намедиҳанд, вале азбас аз сӯйи устодонашон дастур гирифтаанд, водор ба иҷрои корҳои ба истилоҳ "ҷамъиятӣ" ба ҳангоми дарс шудаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Иддае аз донишҷӯён, ки дар даст бел доштанд, бо дидани ин ки ман аз онҳо аккосӣ мекунам, белҳоро гузоштанду фирор карданд

Дар Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ беш аз 10 ҳазор нафар аз ҷавонон таҳсил мекунанд ва ҳудуди 800 омӯзгор, аз ҷумла олимон, дар ин муассисаи таълимӣ дарс медиҳанд.

Соҳибназарон мегӯянд дар ҳоле ки мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон ба омӯзгорони варзида ниёз доранд, канор кашидани ҳатто даҳ донишҷӯи ин донишгоҳ аз дарс метавонад дар фаъъолияти ояндаи онҳо ба унвони омӯзгор асароти манфии ҷиддие гузорад.

Ҷалби донишҷӯён ба корҳое, ки ба таҳсили онҳо ҳеч рабте надорад, аз даврони Шӯравӣ ба ин сӯ роиҷ шудааст. Он замон низ донишҷӯён ба кор дар заминҳои назди донишгоҳҳо ҷалб мешуданд.

То чанд сол пеш донишҷӯёни муассисоти омӯзиши олӣ ва донишомӯзони мактабҳо тибқи суннати роиҷ дар даврони Шӯравӣ дар мавсими ҷамъоварии панба ба мазореъи панба эъзом мешуданд. Барои ин кор албатта ширкатҳои кишоварзии Шӯравӣ ба донишҷӯён маблағе низ пардохт мекарданд.

Аммо дар солҳои ахир ба дунболи интиқодҳои густардаи гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз суиистифода аз кори донишомӯзон ва донишҷӯён ин фаъъолиятҳо мамнӯъ шудааст.

Матолиби муртабит