Дидори имдодрасонҳо аз манотиқи осебдида аз сел дар Кӯлоб
Image copyrightBBC World ServiceНамояндагони Гурӯҳи ҳамоҳангӣ ва вокуниши сареъ ба авзоъи изтирорӣ (REACT)дар Тоҷикистон бо намояндагони ҳашт созмони имдодрасон аз дирӯз дар навоҳии осебдида аз сели рӯзҳои 12 ва 13 апрел дар вилояти Хатлон қарор доранд.
Ин гурӯҳ қарор аст, ки то ду рӯзи дигар авзоъи минтақа ва мизони кумакҳои мавриди ниёзи мардуми осебдида дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро баррасӣ кунад.
Дар гузорише муқаддамотӣ масъулони ин созмонҳо аз хатароти ношӣ аз сар задани бемориҳои мусрӣ, аз ҷумла исҳол, ба далели заъфи беҳдорӣ, камбуди оби ошомиданӣ ва хароб шудани мустароҳҳои (ҳоҷатхонаҳои) зиёд дар рустоҳо хабар додаанд.
Ҳамчунин ҳайвоноти зиёди аҳлӣ дар зери сел монда ва бо гарм шудани дамои ҳаво лошаҳои онҳо метавонад мунҷар ба сар задани бемориҳои мухталиф дар минтақаи атроф шавад.
Ин гузориш рӯзи сешанбеи 15 апрел пахш шуд ва дар он омадааст, ки танҳо манбаъи об дар рустои Одинабой, ки бештарин афроди кушташударо дар асари рониши замин дошта, оби як чашма буда ва танҳо мағозаи ин русто дар ҳоли ҳозир баста аст.
Дар ин русо ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ аз фаъъолият бозмонда ва бунгоҳи наздиктарини пизишкӣ дар фосилаи ду килуметр аз он қарор доштааст.
Дар ин гузориш баровардҳои аввалия аз хисороти ворида ба минтақа низ мунташир шудааст. Тибқи он, танҳо дар деҳистони Сари Чашмаи ноҳияи Шӯрообод беш аз 100 манзил зарар дида ва аз ҷумла панҷ манзили маскунӣ комилан хароб шудаанд.
Ҳамчунин, ҳодисаи сел ба 276 манзили маскунӣ дар деҳаи Тангараки ноҳияи Восеъ хисорот ворид карда, як манзилро комилан хароб карда ва либосҳо ва лавозими манозили дигарро аз миён бурдааст.
Дар гузориш омадааст, ки сокинони минтақаи осебдида дар ҳоли ҳозир имкони омода кардани ғизоро надоранд ва бештари маводди ғазоӣ барои онҳо аз навоҳии наздик интиқол меёбад.
Масъулони давлатӣ ҳудуди 280 нафар аз сокинони манотиқи таҳти хатарро дар ноҳияи Шӯрообод, ки умдатан иборат аз кӯдакону занон ҳастанд, ба муассисоти амн кӯч додаанд.
Мушкилоти омӯзишу парвариш
Ҳамчунин, дар гузориши муқаддамотии созмонҳои имдодрасон омадааст, ки сел муҳавватаи як мактаби ҳамагонӣ дар рустои мавсум ба Тугараки ноҳияи Восеъро фаро гирифта ва имкони таҳсили беш аз 800 шогирдро дар он маҳдуд кардааст.
Тавре, ки масъулони ин мактаб гуфтаанд, сел беш аз 3500 кутуби дарсӣ ва маводди дигари омӯзиширо комилан нобуд кардааст. Ҳамчунин, мактаби воқеъ дар рустои Одинабойи деҳистони Сари Чашма низ аз сел хароб шуда ва ҳудуди 300 нафар аз шогирдон ба як мактаби шабонарӯзӣ кӯч дода шудаанд.
Масъулони созмони Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон мегӯянд, ки машғули ироаи кумакҳои равонӣ ба мардуми минтақаи осбедида аз сел ҳастанд.
Бар асари бориши зиёд ва сел дар шаби 12 ба 13 апрел ба манозили маскунӣ ва муассисоти дигари рустоҳои ноҳияи Шӯрообод, бархе аз рустоҳои ҳумаи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ хисороти хангуфте ворид шудааст. Дар ин ҳодиса 15 нафар, аз сокинони ин навоҳӣ, аз ҷумла 8 кӯдак, ҷони худро аз даст додаанд.
Кумисиюни вижаи давлатӣ машғули баррасии хисороти ворида аз ҳодисаи сел буда ва Кумитеи умури изтирории Тоҷикистон миқдоре аз кумакҳои аввалияро ба мардуми осебдида ирсол кардааст.
Ҳамчунин, намояндагони REACT ва ҳашт созмони дигари байналмилалӣ дар минтақаи осебдида ҳастанд ва қарор аст, ки то ду рӯзи дигар авзоъи минтақаро ва мизони кумакҳои лозим барои осебдидагонро арзёбӣ кунанд.
'Илоҷи воқеъа қабл аз вуқӯъ'
Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳаводиси табиъии мухталифе, аз қабили резиши баҳман ва сел ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо рух дода ва хисроти зиёдеро барои сокинон ва муассисоти давлатӣ барҷо мегузорад.
Ҳамчунин ин гуна ҳаводис талафоти инсониро низ ба ҳамроҳ доранд. Коршиносон мегӯянд, ки ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бояд мардумро қабл аз вуқӯъи ин гуна ҳаводис аз манотиқи таҳти хатари ҳаводиси табиъӣ кӯч бидиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мушаххас кардааст, ки аз 15 то 17 апрел дар манотиқи кӯҳистонии вилояти Хатлон, аз ҷумла навоҳии Шӯрообод ва Мӯъминобод, бориши шадид пешбинӣ шудааст.
Ҷамила Байдуллоева, раиси ин марказ, рӯзи сешанбеи 15 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ин маврид иттилоъ ба раҳбарони ин навоҳӣ фиристода шудааст.
Вай гуфт: "Мо ҳамеша иттилоъ дар мавриди бориши борон ва умуман тағйири ҳаворо ба тамоми раҳбарони манотиқи Тоҷикистон ирсол мекунем. Бавижа дар ҳоле ки дар як минтақа бориши борон ва ё барфи шадид дар назар бошад, мо бо дарёфти ин хабар онро ба ҳукуматҳои манотиқи Тоҷикистон мефиристем."
Хонуми Байдуллоева мегӯяд, ки ҳарчанд шиддати бориши борон дар муқоиса бо рӯзҳои қабл камтар буда, вале бо таваҷҷуҳ ба ин ки замини кӯҳистон ҳануз аз боронҳои қаблӣ нам аст, имкони рониши он мавҷуд аст.
Нигаронии шаҳрдории Душанбе
Дар ҳамин ҳол, мушкилоти ношӣ аз бориши боронҳои баҳорӣ рӯзи гузашта дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе низ матраҳ шудааст.
Шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи душанбеи 14 апрел масъулони зидахли шаҳрдориро муваззаф кардаст, ки барои ҷилавгирӣ аз авоқиби эҳтимолии борон ва сел оброҳҳои шаҳрро бамаврид поксозӣ ва барои ҷараёни об омода кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола бар асари бориши борони шадид дар бархе аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла хиёбонҳои марказии шаҳр, ҷорӣ шудани селоб мушоҳида мешавад. Сабаби ин амр бамавқеъ пок нашудани оброҳҳои канори ҷоддаҳо ва лӯлаҳои зерзаминӣ хонда мешавад.
Аз сӯйи дигар, бархе аз ширкатҳои сохтмонӣ ҳангоми бунёди таъсисоти ҷадид ба бунёди оброҳҳо иқдом намекунанд ва зарфияти оброҳҳои мавҷудро дар назар намегиранд.
Оқои Убайдуллоев аз кумисиюни вижаи маҷлиси шаҳрӣ хоста, ки бар ҷараёни омодагӣ ба мушкилоти эҳтимолии ношӣ аз боронҳо дар шаҳр назорат кунад.
