Таҳдиди хатароти резиши баҳману сел дар роҳҳои кӯҳистонӣ
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки субҳи имрӯз ҳаракати комили утумубилҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дубора аз сар гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи якшанбеи 16 март бар асари резиши тарма ва фаромадани кӯҳпора дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ҳаракати васоили нақлия аз самти Дарвоз то шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят масдуд шуда буд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, бар асари ин ҳодисоти табиъиӣ дар ду сӯйи ин роҳ ҳудуди 100 адад комюни ҳомили коло ва маводди ғазоӣ гир карда ва ронандаҳо машғули поксозии роҳ аз санг ва барф буданд.
Иддае аз мусофирон, ки ба тозагӣ аз шаҳри Хоруғ ба Душанбе омадаанд, мегӯянд, ки обхезӣ ва лағзиши сангу кӯҳпораҳо сафар дар ин роҳро бо хатароти ношӣ аз сонеҳаҳо рӯбарӯ кардааст.
Ҳамчунин, яке аз ин мусофирон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки ронандаҳо ба танҳоӣ ба поксозии роҳҳо аз сангу барф машғул буданд. Авоқиби ҳодисоти табиъӣ дар роҳҳо бавижа ҳаракати комюнҳои борбарро бо душвориҳо рӯбарӯ кардааст.
Аммо ба гуфтаи вай, масъулони давлатии муваззаф барои поксозии роҳҳо бо вуҷуди дар ҷараён ин ҳаводис будан иқдом барои поксозии ба мавриди роҳҳоро накардаанд.
Аммо Шералӣ Ганҷалов, муъовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи душанбе 17 март, ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо кумаки кормандони ин вазорат, ки ба поксозии роҳҳо машғул ҳастанд, субҳи имрӯз баҳман ва сангпораҳо дар қисматҳои роҳи Душанбе-Хоруғ поксозӣ шуда ва ҳаракати васоили нақлия баъд аз як рӯз аз сар гирифта шудааст.
Оқои Ганҷалов мегӯяд: “Шояд ронандагон низ барои поксозии сангҳо кумак карда бошанд, вале аксаран кормандони поксозии роҳҳо бо истифода аз маводи мунфаҷира кӯҳпораеро, ки дирӯз дар ноҳияи Рӯшон фаромада буд, аз роҳ тоза карданд. Аммо ҳамасола дар аввали фасли баҳор ба сабаби бориши зиёди барф ва борон ҳодисоте аз қабили обхезӣ ва резиши тарма дар роҳҳои кӯҳистонӣ рух медиҳанд ва кормандони мо онро бамаврид рафъ мекунанд.”
Ин масъули вазорат мегӯяд, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Ҷиргатол низ ҳодисаи резиши баҳман рух дода буд ва чанд соъат ҳаракати васоили нақлияро дар роҳи мунтаҳӣ ба ин ноҳия масдуд кард, аммо ҳоло ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ дубора барқарор шудааст.
Оқои Ганҷалов мегӯяд, ки тоблуҳо бо ҳушдор аз резиши баҳман ва сел дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо гузошта шуда ва ӯ афзуд, ки ронандагон ва мусофирон дар ин рӯзҳои боронӣ бояд мувозиби хеш бошанд ва дар қисматҳои хатарноки роҳҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Бо ин вуҷуд, ду 28 феврали соли равон, Ҷамшед Ақдодов, як сокини 46-солаи шаҳри Хоруғ, ки дар мошини мусофирбаре аз Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ равона буд, бар асари резиши сангҳо дар қисмате аз роҳи Душанбе-Хоруғ дар ноҳияи Рӯшон ҷони худро аз даст дода буд.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ба кӯдаки ду солаи Ҷамшед, ки замони рух додани ин ҳодиса дар дасти ӯ қарор дошт, осебе нарасидааст, вале вазъи равонии кӯдак то ҳол бад будааст.
Ҳамасола дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ҳаводиси табиъӣ, аз қабили резиши тарма, сел ва обхезиҳо ба иқтисоди ин кишвар хисороти қобили таваҷҷӯҳ ворид мекунад ва шуморе аз сокинон дар ин ҳаводис ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар роҳҳои утумубилгарди ин кишвар 231 сонеҳа рух додааст, ки бар асари он 67 нафар аз сокинон ҷонҳои худро аз даст дода ва 286 нафари дигар ҷароҳати мухталиф бардоштаанд.
