Кушта шудани се нафар бар асари лағзиши кӯҳпора дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

  • 6 Декабр, 2013

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани се нафар аз сокинони ин кишвар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст.

Тавре, ки дар хабари ин вазорат дар сойти расмии он мунташир шудааст, утумубили мутаъаллиқ ба сокини ноҳияи Ваҳдати ин кишвар дар қисмати ин роҳ дар минтақаи мавсум ба Такфони ноҳияи Айнӣ аз баландии беш аз 100 метр ба поён сарозер шудааст.

Пулис мегӯяд, ки ин воқеъа бар асари ҳодисаи табии, яъне лағзиши кӯҳпора дар имтидоди роҳ рух дода ва дар натиҷа Тоҳир Назриев, ронандаи мошин ва ду мусофири он дар ҷои воқеъа ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилоъи Идораи бозрасии утумубилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 1320 сонеҳа рух дода, ки дар натиҷа 420 нафар кушта ва беш аз 1460 нафар ҷароҳат бардоштаанд.