Кумаки Бонки Осиёӣ барои бозсозии ҷоддаҳо дар Тоҷикистон

  • 26 Сентябр, 2013
Ҷодда, бозсозӣ, БТО
Image caption Барои бори нахуст аст, ки БТО дар тарҳе сармоя мегузорад, ки ҳалли масоили иқтисодӣ ва иҷтимоъиро ҳадаф қарор додааст.

Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) барои бозсозии ҷоддаҳои маҳаллии Тоҷикистон ва беҳтар сохтани зиндагии сокинони атрофи ин роҳҳо 70 милюн дулор кумаки билоъиваз ихтисос додааст.

Бо истифода аз ин маблағ қисмате аз ҷоддаҳои Сайрон-Қарамик ва Восеъ-Ховалинг бозсозӣ шуда ва сокинони атрофи ин ҷоддаҳо ба давраҳои бозомӯзӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Тибқи баёнияи БТО, ки рӯзи панҷшанбеи 26 сентябр мунташир шуд, саҳми давлати Тоҷикистон дар ин тарҳ 19 милюн дуллор арзёбӣ шудааст.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки бо истифода аз ин маблағ 88 килуметр аз ҷоддаи Сайрон- Қарамик ва 87 килуметр аз ҷоддаи Восеъ-Ховалинг бозсозӣ шуда ва шароити амнияти ҳаракат дар ин ҷоддаҳо таъмин карда мешаванд.

Женг Ву, як масъули БТО дар умури кишварҳои осиёӣ, гуфтааст, ки иҷрои ин тарҳ ба тавсеъаи иҷтимоъӣ ва беҳбуди шароити зиндагии сокинони атрофи ин ҷоддаҳо мусоъидат мекунад.

Вай гуфтааст: "Дар ҷараёни иҷрои ин тарҳ ҳудуди сӣ килуметр аз ҷоддаҳои маҳаллии навоҳии Восеъ ва Ховалинг бозсозӣ мешаванд. Дар атрофи ҷоддаҳо сохтмони тафреҳгоҳҳо барои занону мардон ва насби таҷҳизоти тавлиди барқи хуршедӣ дар назар аст. Ин амр барои рафъи камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо хеле муҳим аст. Баргузории давраҳои омӯзишӣ барои занони тоҷир низ дар назар аст."

Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон ба иҷрои ин тарҳ муваззаф шудааст ва поёни иҷрои он дар соли 2017 дар назар гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки БТО аз соли 1998 ба ин сӯ ба Тоҷикистон як милёрду яксад милюн дулор кумакҳои билоъиваз ва эътибороти ботахфиф ироа кардааст. Ин маболиғ барои ҳалли мушкилоти иртиботӣ ва раҳоӣ аз инзиво, рафъи камбуди нерӯи барқ ва таъмини шароити беҳтари иқтисодӣ ба мардум кумак кардааст.

Дар гузашта БТО дар бархе аз тарҳҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъии давлати Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Вале барои бори нахуст аст, ки ин ниҳоди молии байналмилалӣ аз тарҳе ҳимояти молӣ мекунад, ки ҳалли масоили иқтисодӣ ва иҷтимоъиро ҳадаф қарор додааст.

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои баъд аз касби истиқлоли худ давлати Тоҷикистон дастнигари кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ будааст. Ин кишвар ҳамасола барои бозпас додани эътибороти ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар будҷеи худ маболиғи қобили мулоҳизаеро дар назар мегирад.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар ин солҳо давлати Тоҷикистон натавонистааст батанҳоӣ мушкилоти умдаи худро ҳал кунад ва ҳамчунон ба кумакҳои кишварҳои ёрирасон ва ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ниёз дорад.

Матолиби муртабит