Беш аз 300 милюн дулор барои сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон
Беш аз 300 милюн дулори омрикоӣ дар ҳашт тарҳ барои бозсозӣ ва таҷдиди роҳҳо дар Тоҷикистон ҳазина мешавад.
Ин матлаб рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе эълом шуд. Дар ин нишаст масъулон аз ҷараёни корҳои анҷомшуда дар бузургтарин тарҳҳои бунёди роҳҳои мошингард, аз қабили "Душанбе-Чаноқ", "Шоҳон-Зиғар", роҳи Душанбе то сарҳади Қирғизистон, роҳи Душанбе-Турсунзода-то марзи Узбакистон, роҳи Айнӣ-Панҷакент-то марзи Узбакистон иттилоъ доданд.
Мухтор Неъматов, раҳбари маркази иҷрои тарҳи таҷдиди роҳҳо дар Тоҷикистон, дар ин нишасти хабарӣ дар Маркази таҳқиқоти истротежики Тоҷикистон гуфт: "Барои таҷдид ва азнавсозии роҳҳо маблағҳои ҳангуфте масраф мешаванд ва мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то кайфияти роҳҳои сохташуда дар сатҳи байналмилалӣ бошад."
Дар айни ҳол, дар кишвар чандин тарҳи озмоишӣ низ барои сохтмону бозсозии роҳҳо иҷро мешавад, ки дар оянда муъайян хоҳад шуд, ки кадом мудели бунёд ва бозсозии роҳҳо барои Тоҷикистон муносибтар аст.
