Нерӯгоҳи “Головная” бо кумаки БТО бозсозӣ мешавад

Бонки Тавсеъаи Осиёӣ ва давлати Тоҷикистон дар мавриди бозсозии нерӯгоҳи “Головная” воқеъ дар 80-килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе, дар рӯдхонаи Вахш, як санади ҳусни тафоҳум имзо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки баъд аз имзои санади ниҳоӣ Бонки Тавсеъаи Осиёӣ дар садад аст дар ҷаласаи ҳайъати мудираи худ дар моҳи ноябр ба ин манзур тахсиси 116 милюн дулорро таъйид кунад.
Тарҳи бозсозии нерӯгоҳи “Головная” аз сӯйи давлати Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар баёнияи БТО дар бораи замони анҷоми умури бозсозӣ иттилоъе пахш нашудааст.
Вале гуфта мешавад, ки ин нерӯгоҳ дар соли 1962 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва метавонад солиёна то 1000 гиговот нерӯи барқ тавлид кунад. Баъд аз анҷоми умури бозсозӣ интизор меравад ин рақам ба 387 гиговот афзоиш ёбад.
Гузашта аз ин, бозсозии нерӯгоҳи “Головная” имкон медиҳад, ки замони баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ боз барои 50 соли дигар тамдид шавад.
Левон Мчедлишвилӣ, як масъули БТО, дар маросими имзои санади ҳусни тафоҳум бо давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки бозсозии нерӯгоҳи “Головная” нахустин тарҳи бозсозии нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон аст, ки бо сармояи ин муассисаи молии байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт.
Вай муътақид аст, ки иҷрои ин тарҳ судовар аст ва имкон медиҳад ба коҳиши мизони фақр дар миёни сокинони Тоҷикистон мусоъидат кунад.
Тоҷикистон аз захоири бузурги нерӯи барқи обӣ бархурдор аст, вале тӯли бист соли ахир водор шудааст, ки истифода аз нерӯи барқ дар кишварро маҳдуд созад.
Президент Раҳмон борҳо изҳор доштааст, ки мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон танҳо баъд аз бунёди нерӯгоҳи “Роғун” рафъ хоҳад шуд.
Вале иҷрои ин тарҳ ба дарозо кашидааст. Ҳамасола сокинони Тоҷикистон фарорасии фасли сарморо бо нигаронӣ аз маҳдудият дар таъмини барқ мунтазир мешаванд.
Сохтмони чанд нерӯгоҳи мутавассит, назири нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва нерӯгоҳҳои дигари кӯчак натавонистааст мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистонро ба сурати ҷиддӣ ҳал кунад.
Дар бештари шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон дар фасли сармо нерӯи барқ танҳо 5-6 соъат дар як шабонарӯз таъмин аст. Ба ин далел, бештари корхонаҳои санъатӣ дар ин муддат таътил мешаванд.
Набуди нерӯи барқ ҳамчунин дар фаъъолияти муассисоти омӯзишу парвариш ва бемористонҳо низ асароти номатлубе бар ҷо мегузорад.
Дар асари сармои шадиди соли 2007 ва қатъи интиқоли нерӯи барқ ба бемористонҳо чанд мавриди фавти кӯдакон ва беморон гузориш шудааст.
