Гарданаи Хобу Рубот масдуд шуд
Ҳаракати васоили нақлия тавассути гарданаи Хобу Рубот дар масири Душанбе-Хоруғ масдуд шудааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон, ин амр дар пайи резиши барфи зиёд ва ях бастани ҷодда сурат гирифтааст.
Ҳамакнун васоили нақлия метавонанд танҳо тавассути масири дигар, яъне аз тариқи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯрообод ба вилояти Бадахшони Тоҷикистон сафар кунанд.
Гарданаи Хобу Рубот дар масири Душанбе-Хоруғ дар иртифоъи ҳудуди чаҳор ҳазор метр воқеъ буда ва ҳамасола дар фасли сармо барои ҳаракати васоили нақлия масдуд мешавад.
Дар замони шӯравӣ ҳамлу нақли коло ба шарқи Тоҷикистон бештар тавассути шаҳри Ӯш дар Қаирғизистон сурат мегирифт. Эҳдоси ҷоддаи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ин имконро фароҳам карда, ки ҳатто дар фасли тобистон бисёре аз худравҳо ва комюнҳо тавассути ин масир рафту омад мекунанд.
