Тасодуфоти роҳи соли ҷорӣ 336 кушта дар Тоҷикистон бар ҷо гузошт

  • 2 Октябр, 2013
рӯйдоди таблиғотӣ
Image caption Масъулони пулис аз пиёдагардон даъват карданд, ки аз ҷодда танҳо дар маҳалли пиёдагузар ва ҳангоми сабз шудани чароғи трофик гузаранд

Аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои кишвар 1160 тасодуф рух дода, ки бар асари он 336 нафар ҷони худро аз даст дода ва 1120 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Наргис Туйчиева, сухангӯйи пулиси роҳи Тоҷикистон, дар ин бора зимни баргузории рӯйдоде таблиғотӣ таҳти унвони "Аз роҳ ҳангоми рӯшан шудани чароғи сабз убур намо", ки пулиси роҳ якҷо бо ширкати мухобиротии "Мегофун" баргузор кард, ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ин рӯйдод субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 2 октябр дар чаҳорроҳаи назди сохтмони "Душанбе Плозо", дар хиёбони Рӯдакӣ ва дар чанд хиёбони дигари шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯйдод наврасоне, ки дар бахши "Нозирони ҷавони роҳ" дар лисеи шумораи 2 ва мадрасаи шумораи 24-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, ширкат доштанд.

Дар ин рӯйдод масъулони пулис аз пиёдагардон даъват карданд, ки аз ҷодда танҳо дар маҳалли пиёдагузар ва ҳангоми рӯшан шудани чароғи сабз убур кунанд.

Мубтакирони ин рӯйдод гуфтанд, ки ин гуна барномаҳоро дар гузашта низ баргузор кардаанд ва натоиҷи хубе ба даст омадааст. Ҳам ронандаҳо ва ҳам пиёдагардон баъд аз ин гуна фаъъолиятҳои таблиғотӣ бештар саъй мекунанд, ки қоъидаҳои ҳаракат дар роҳро риъоят кунанд.

Хонуми Туйчиева дар ин бора гуфт: "Ҳадаф аз баргузории ин рӯйдод ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ва кӯдакон ба аломатҳои роҳ ва иҷрои қоъидаҳои ҳаракат дар роҳ аст."

Ба гуфтаи масъулони пулис, анҷоми ин гуна тадобир ҳамчунин барои густариши огоҳии мардум дар бораи сонеҳаҳо ва тасодуфоти роҳ ва коҳиши ин тасодуфот мусоъидат мекунад.

Зимнан, ширкати "Мегофун", ки дар ин тарҳ саҳим аст, ранги сабзро рамзи фаъъолиятҳои тиҷории худ қарор додааст, ки ҳамранги чароғи сабзи трофик аст.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, ин иқдом ҳам барои ширкати "Мегофун" ва ҳам барои пулиси роҳи шаҳри Душанбе як навъ таблиғоти муштарак маҳсуб мешавад.