Ҷоддаи Душанбе-Хоруғ пас аз чаҳор рӯзи масдудият боз шуд

  • 6 Феврал, 2014
Поксозии роҳҳоImage copyrightBBC World Service
Image caption Масъулони вазорати роҳу таробарӣ ва иртиботот мегӯянд, ки 100 адад аз мошинҳо машғули поксозии роҳҳо дар манотиқи кӯҳистонӣ ҳастанд

Вазорати роҳу таробарӣ ва иртибототи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳудуди 100 мошин ба тоза кардани роҳҳои утумубилгард аз барфу баҳман дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар машғуланд.

Ба гуфтаи як масъули ин вазорат, рӯзи панҷшанбеи 6 феврал, соъати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, ҳаракати васоили нақлия дар ҷоддаи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дубора ба таври комил шурӯъ шудааст.

Шералӣ Ганҷалов, муъовини аввали вазири роҳу таробарӣ ва иртибототи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳаракати худравҳо дар ин ҷодда аз шаб аз сар гирифта шуда буд.

Вай афзуд: "Кормандони поксозии роҳ аз шаби гузашта то субҳ бо истифода аз маводди мунфаҷира тарма (баҳман)-ро дар роҳро комилан пок карданд ва имкони ҳаракати комюнҳо дар ин роҳ фароҳам шуд."

Ҷоддаи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз 2 феврали соли ҷорӣ ба сабаби резиши баҳман дар чанде аз қисматҳои ин роҳ дар ноҳияи Дарвоз баста шуда буд.

Оқои Ганҷалов мегӯяд, ки вазорати роҳу таробарӣ ва иртиботот ҳудуди 100 мошин ва троктурҳоро ба поксозии роҳҳо дар манотиқи кӯҳистонӣ, аз ҷумла дар гарданаҳо, эъзом кардааст.

Вай мегӯяд: "Кормандони мо ба таври шабонарӯзӣ машғули поксозии роҳҳо аз тарма (баҳман) ҳастанд. Ду рӯз қабл кормандони мо дар ағбаи Қарамиқ дар роҳи Душанбе-Ҷиргатол нуҳ нафарро, ки дар асорати тарма қарор доштанд, озод карданд."

Ҳарчанд оқои Ганҷалов мегӯяд, ки кормандони роҳ ба ин афрод баъд аз фаромадани тарма пешниҳод кардаанд, ки онҳо бароранд, вале ин нуҳ нафар, ки дар миёни онҳо панҷ мард, се зан ва як кӯдак буданд, довталабона як шабонарӯз дар дохили мошин мондаанд.

Ин масъули вазорат мегӯяд, ки субҳи имрӯз низ дар 242-килуметрии роҳи Ваҳдат-Ҷиргатол резиши баҳман рух дод ва кормандони поксозии роҳ онро дар тӯли чанд соъат пок карданд.

Тибқи иттилоъи маркази ҳавошиносӣ, рӯзҳои оянда дар Тоҷикистон бориши барф пешбинӣ шудааст. Оқои Ганҷалов гуфт, ки имкони фаромадани тарма ё баҳман низ дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо вуҷуд дорад.

Ӯ мегӯяд, ки вазорати роҳу таробарӣ таҷҳизот ва фанноварии кофӣ барои поксозии роҳҳо дар ихтиёр дорад.

То соли 2006 ин ниҳод шадидан ба фанноварии мудерн барои поксозии роҳҳо ниёз дошт, аммо аз он замон то ҳол беш аз 300 адад троктур ва мошинолоти дигар барои таъмиру поксозии роҳҳо харидорӣ кардааст.

Матолиби муртабит