Ҳамроҳ бо дурбин дар роҳи истротежики Бадахшон
Харобии роҳи мунтаҳӣ ба Бадахшон ва нигарониҳо аз сонеҳаҳо дар ин ҷода

Яке аз роҳҳои аслии ҷалби ҷаҳонгардон ба кӯҳистони Тоҷикитон мутобиқ будани кайфияти роҳҳои ин минтақа ба истондортҳои байналмилалӣ унвон мешавад.

Тӯли роҳи Душанбе-Рашт-Хоруғ ҳудуди 500 килуметр аст ва танҳо шумори андаке аз ронандагон аз чанд сол бад ин сӯ сафар ба Бадахшон бо ин масирро интихоб мекунанд.

Бархе аз утумубилҳо барои ҳаракат дар ин роҳ дар назар гирифта нашудаанд

Гуфта мешавад, ки бисёре аз пулҳои иртиботӣ дар устони кӯҳистонии Бадахшон дар замони Шӯравӣ сохта шуда буданд ва танҳо тавони бардошти 15 то 50-тун борро доранд.

Аз сӯйи дигар тайи солҳои ахир ҳаракати комюнҳои борбари сангин, ки ҳар кадоме бештар аз 60 тун колоро аз роҳҳои мавҷуд дар Бадахшон ҳамл месозанд, ба харобии бархе аз қисматҳои ҷоддахо ва пулҳо мӯҷиб шудааст.

Азбаски роҳ хароб аст, сафари мусофирон аз Хоруғ то шаҳри Душанбе ҳудуди 15 соъат тӯл мекашад.

Бо вуҷуди харобии аксари қисматҳои бузургроҳи Бадахшон ва хатароти ношӣ аз сонеҳаҳо дар ин масир, афроди зиёде барои сафар ба Бадахшон аз мошинҳои мусофирбари ин роҳ истифода мекунанд.

Аксари қисматҳои бузургроҳи Бадахшон дар қаламрави ин вилоят хароб буда ва маълум нест, ки бозсозӣ ва тармими он дар даҳсолаи ахир анҷом хоҳад гирифт ё хайр?

Тӯли роҳи утумубилгард аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон то вилояти Бадахшони ин кишвар аз тариқи шаҳри Кӯлоб беш аз 600 килуметрро ташкил медиҳад ва ҳамасола дар ин ҷода то даҳҳо сонеҳа рух медиҳад.

Харобии роҳҳо дар минтақаи кӯҳистонии Бадахшон гоҳо нигарониҳои умумӣ дар мавриди афзоиши сонеҳаҳои роҳро низ ба ҳамроҳ дорад.

Чунин ба назар мерасад, ки танҳо навоварие, ки дар имтидоди ин роҳ ба назар мерасад, ранги ҷадиди шиъорҳое дар ҷода аст.

Бархе аз ин шиъорҳо ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон марбутанд.

Идомаи ин роҳ то ба мавзеъи мавсум ба Вахони ноҳияи Ишкошим бо ҳудуди 200 килуметри дигар тӯли роҳ боқӣ мемонад.

Резиши тарма ва сел дар кӯҳистони Бадахшон зуд зуд рух медиҳад ва ҳатто қисматҳои таъмиршудаи роҳро хароб мекунад.

Дар тӯли роҳ чанд посгоҳи кормандони пулиси роҳ ба мушоҳида мерасад ва ронандаҳои мошинҳои мусофирбар мегӯянд дар сафар то 30 сомониро барои пардохт ба пулис дар назар мегиранд.

Дар бисёре аз қиматҳои ин роҳ ҳатто дар фасли тобистон низ резиши сел мушоҳида мешавад.

Ҳоло бо кӯмаки созмонҳои молии байналмилалӣ сохтмони роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ идома дорад, ки ба гуфтаи коршиносон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ посухгӯ хоҳад буд.

Ҳаводиси табиъии ношӣ аз шароити сахти ҷуғрофиёии минтақа ҳамасола боъиси харобии бисёре аз ҷоддаҳо ва пулҳо дар вилояти Бадахшон мешавад.

Мусофирони ин масир мегӯянд, ки дар имтидоди роҳ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд.

Аз ҷумла ҳудуди 40 килуметри роҳ миёни рустоҳоии Шикев-Зиғар дар ноҳияи Дарвоз дар даҳсолаи ахир таъмир шуда ва кайфяти он ба истондортҳои байналмилалӣ мутобиқ шудааст.

Агар аз шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон соъати 07:00 субҳ бо мошини Ҷип ба роҳи бароед, бомдоди он рӯз ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хоҳед расид.
