Ироаи кумакҳо ба осебдидагони сел ва рониши замин дар Шӯрообод
Image copyrightBBC World ServiceИроаи кумакҳои башардӯстона ба осебдидгони сел ва рониши замин дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон идома дорад.
Дар асари ҷорӣ шудани сел ва рониши замин дар ҷамоъати деҳоти Сари Чашмаи ин ноҳия, ки шаби 12 ба 13 апрел, соъати 22:30 ба вақти маҳаллӣ, рух дод, 13 нафар бо шумули кӯдакон кушта шудаанд.
Дар асари бориши шадид ва ҷорӣ шудани селоб ду нафари дигар ҳам дар маҳаллоти дигари минтақаи Кӯлоб ҷони худро аз даст додаанд. Ин ҳодиса ҳамчунин хисороти зиёде барои мардуми маҳаллӣ барҷо гузоштааст.
Ба ин тартиб, тибқи гузориши масъулони Кумитеи изтирории Тоҷикистон, шумори кушташудагон аз ҳодисаи сел ва рониши замин дар манотиқи мухталифи вилояти Хатлон ба 15 нафар расидааст.
Орифшо Нозимов, сухангӯи ин кумите, рӯзи душанбеи 14 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, кидар асали рониши замин дар рустои Одинабойи ҷамоъати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод шаш нафар аз хонаводаи Исмоъиловҳо ва панҷ нафар аз хонаводаи Носировҳо, аз ҷумла панҷ кӯдаки аз 1 то 10-сола, ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Вай афзуд, ки бар асари селоби шадид як сокини15-солаи ҷамоъати Чубек ва як духтари 6-сола аз ҷумлаи сокинони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон низ ҷони худро аз даст додаанд.
Оқои Нозимов мегӯяд, ки селоби шадид дар рустоҳои ҷамоъати Зарбдори шаҳри Кӯлоб ҳафт манзили маскунӣ ва 16 муассисоти дигарро хароб карда ва беш аз 170 сар ҳайвоноти аҳлиро нобуд кардааст.
Ҳамакнун масъулони гурӯҳи вижаи давлатӣ машғули баррасии хисороти расида аз ин ҳодиса ба мазореъи кишоварзӣ ва роҳҳои иртибототии ин минтақа ҳастанд.
Ҳамрохон Алиев, раиси ҷамоъати деҳоти Сари Чашма, рӯзи душанбеи 14 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки осебдидагон ба кумакҳои башардӯстона ниёзи шадид доранд: "Ниёзи бештар ба чодарҳо ва маводди ғизоӣ барои сокинон аст. Зеро сел манозили мардуми зиёди минтақаро хароб кард."
Аз сӯйи дигар Орифшо Нозимов мегӯяд, ки рӯзи қабл Кумитеи умури изтирории Тоҷикистон барои осебдидагони сел дар ноҳияи Шӯрообод ва шаҳри Кӯлоб, 60 чодар, 300 килуграм шакар, 150 килуграм биринҷ ва мокорунӣ ва беш аз 10 ҳазор литр маводди сӯхтӣ интиқол додааст.
Ҳамчунин афсарон ва сарбозони кумите низ машғули расондани кумак ба мардуми осебдида аз сел дар ин минтақа ҳастанд. Бархе аз созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон низ ба давлати ин кишвар пешниҳоди кумак кардаанд.
Пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо дастури вижаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, гурӯҳи кории давлатӣ таҳти сарпарастии Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазир, ба ҷойи ҳодиса рафтааст. Ин гурӯҳ шомили вазирони тандурустӣ ва вазорати роҳутаробарии Тоҷикистон ва раиси Кумитеи умури изтирории ин кишвар аст.
Дар рустоҳои кӯҳистонии ноҳияи Шӯрообод дар гузашта низ ҳаводиси табиъии мушобеҳе, монанди ҷорӣ шудани сел ва тарма рух дода ва бар асари он манозили маскунии сокинон ва ҳазорон ҳектор аз мазореъ хароб шудаанд. Соли 2010 дар минтақаи Даштиҷум сел ҷони ду нафар аз сокинонро рабуда буд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи иддае аз мусофирони шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки феълан аз вилояти Бадахшон ба пойтахт омадаанд, боло шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯчаки Шӯрообод ҳамлу нақли коло ва сафари мусофирон дар ин масирро душвор сохтааст.
Аз ҷумла иддае аз мусофирони васоили мусофирбарӣ мегӯянд, ки шаби шанбеи натавонистаанд бамавқеъ ба шаҳри Душанбе бирасанд, зеро дар Шӯрообод боло рафтани сатҳи рӯдхонаҳое, ки дар масир воқеъ ҳастанд, мушоҳида шуда ва мусофирон чандин соъотро дар роҳ дар зери борон сипарӣ кардаанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар соли 2013 дар ҳаводиси табиъӣ ва пешомадҳои нохуш 232 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла 11 нафар дар натиҷаи фурӯд омадани баҳман ё тарма кушта ва 124 нафар дар истахру рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд.
