Порсол 232 нафар ҷони худро дар ҳаводиси табиъӣ ва сонеҳаҳо аз даст доданд

  • 25 Январ, 2014
Кормандони умури изтирории Тоҷикистон Image copyrightBBC World Service
Image caption Кумитеи умури изтирории Тоҷикистон ҳашт мошин барои наҷотбахшӣ дар шароити вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ, аз Русия харидааст

Кормандони умури изтирории Тоҷикистон дар соли сипаришуда дар 405 амалиёти наҷот ширкат карда, ҷони 66 нафарро аз марг наҷот додаанд.

Аммо дар ҳаводиси изтирорӣ ва пешомадҳои нохуш 232 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла 11 нафар дар натиҷаи фурӯд омадани баҳман кушта ва 124 нафар дар истахру рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомҳои умури изтирорӣ, дар соли 2012 таъдоди афроде, ки дар шароити изтирорӣ ва ҳаводиси табиъӣ ҷони худро аз даст доданд, 103 нафар сабт шудааст.

Дар ин бора Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 24 январ дар як нишасти матбӯъотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Оқои Абдураҳимов гуфт, ки кумитаи умури изтирорӣ ба хотири пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ дар сурати вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ, як нақшаи манотиқи дар маърази хатар қарор доштаро омода кардааст.

Тибқи ин нақша дар мактабҳо шогирдон ва дар маҳалҳо мардум дар бораи шеваҳои муроқибат аз худ дар шароити вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ огоҳ карда мешаванд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомҳои умури изтирорӣ, бар асоси як мусаввабаи ҳукумати Тоҷикистон, аз 300 хонаводае, ки дар маърази хатар қарор доштанд, 292 хонавода дар соли 2013 ба манотиқи амн кӯч дода шудаанд.

Бар иловаи иҷрои барномаи ҳукумат дар ин сол, боз 33 хонаводаи дигар ба ҷойҳои амн кӯчонда шудаанд.

Гуфта мешавад барои анҷоми амалиёти наҷот дар гарданаи Анзоб ду гурӯҳи наҷот ба таври шабонарӯзӣ фаъъолият мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ ба таври фаврӣ ба кумаки эҳтиёҷмандон мерасанд.

Оқои Абдураҳимов мегӯяд, ки дар соли сипаришуда ҳашт мошини махсуси наҷотбахшӣ аз Русия харидорӣ шуда ва пас аз як давраи омузишӣ барои наҷоткорон дар шаҳри Душанбе ин мошинҳо дар ихтиёри онҳо дар манотиқи мухталифи кишвар қарор мегиранд.

Набуди адабиёти зарурӣ бо забони форсии тоҷикӣ дар заминаи наҷотбахшӣ аз мушкилоти дигари ин кумите будааст ва барои давраҳои омузишӣ чанд намунаи адабиёти зарурӣ аз Русия ва Укройн ворид ва тарҷума карда шудаанд.

Дар замони шуравӣ дар мадориси кишвар барои шогирдон ҳафтае як маротиба дарсҳое бо номи омодагии низомӣ ва мудофиъаи шаҳрвандӣ гузаронда мешуд.

Ба эътиқоди оқои Абдураҳимов, ҳоло танҳо шогирдони синфҳои 2 ва 6 дар баъзе мактабҳо ин дарсҳоро мехонанд, ки ба далели набудани маводди таълимӣ таваҷҷуҳи чандоне ба онҳо намешавад.