Кумаки Жопун барои тавсеъа дар манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон

  • 20 Март, 2014
Маросими имзои санадImage copyrightBBC World Service
Image caption Интизор меравад тарҳи ҷадид зиндагии садҳо нафар аз сокинон дар ду сӯйи марзро беҳтар кунад

Намояндагии Барномаи Тавсеъаи Созмони Милал ва сафорати Жопун дар Тоҷикистон ёдошти тафоҳумеро дар мавриди ироаи 10 милюну 700 ҳазор дулор барои кумак ба тасеъаи манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон ба имзо расонданд.

Ин кумаки молӣ барои иҷрои як пружеи сесола дар навоҳии марзии ду кишвар тавассусти Ожонси байналмилалии ҳамкориҳои Жопун дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Барномаи Тавсеъаи СММ дар Афғонистон ва Тоҷикистон сарф хоҳад шуд.

Маросими имзои ин санад рӯзи чаҳоршанбеи 19 март дар шаҳри Душанбе доир шуд ва дар ҷараёни он гуфта шуд, ки ин пруже барои тақвияти сабот ва амният дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ва дар устонҳои Қундуз ва Тахори Афғонистон иҷро мешавад.

Дар ин маросим намояндагони сафорати Жопун, намояндагии Барномаи Тавсеъаи СММ, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ширкат карданд.

Тарҳи ҷадид беш аз 75 таъисоти зербиноии рустоҳо дар ду кишварро таҳти пӯшиш қарор хоҳад дод. Масъулон иддаъо доранд, ки иҷрои ин тарҳ зиндагии иҷтимоъии беш аз 176 ҳазор нафар аз сокинони умдатан қишри осебпазири ин манотиқ, аз ҷумла занон ва духтарони рустоиро беҳтар хоҳад кард.

Таъмини дастрасии сокинон ба оби ошомиданӣ, омӯзишу парвариш, хадамоти беҳдоштӣ ва нерӯи барқ, дастрасии сокинон ба хадамоти умумӣ, ҳимоят аз ширкатҳои кишоварзӣ аз аҳдофи ин пруже аст.

Дар чорчӯби ин тарҳ барои ҷавонони бекор, занону духтарон ва маълулон давраҳои вижаи омӯзишӣ баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он ин афрод машоғили мухталиферо меомӯзанд.

Коршиносон иҷрои барномаҳо дар ду сӯйи марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро барои зиндагии мардуми ин манотиқ, ки бештари онҳоро афроди камбизоъат ташкил медиҳанд, муҳим арзёбӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки мизони фақру бенавоӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Хатлон, дар муқоиса бо манотиқи дигари ин кишвар дар сатҳи болотаре қарор дорад. Сокинони манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо вилояти Хатлон ҳаммарз аст, низ умдатан фақиранд.

Жопун ҳамчунин барои бозсозии роҳҳои иртиботӣ дар Тоҷикистон дар соли 2012 беш аз 24 милюн дулор ихтисос дода ва дар тавсеъаи бахши омӯзишу парвариш низ дар ин кишвар саҳм гузоштааст.

Матолиби муртабит