Тарҳи нави Барномаи Тавсеъа барои афзоиши огоҳии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

Барномаи Тасеъаи Созмони Милали Муттаҳид тарҳи ҷадидеро барои боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии сокинон дар Тоҷикистон барои се соли оянда рӯйи даст гирифтааст.
Ҳазинаи иҷрои ин тарҳро, ки “Тақвияти ҳокимияти қонун ва ҳуқуқи башар барои тавонмандсозии мардум” ном дорад, кишвари Фанлонд фароҳам кардааст.
Рӯзи сешанбеи 10 декабр, ки мусодиф бо “Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башр” аст, сафири Фанлонд ва раҳбари намояндагии Барномаи Тавсеъаи СММ дар Тоҷикистон мувофиқатномае дар бораи тахсиси 2 милюн юру барои иҷрои ин тар ба имзо расонданд.
Дар маросими имзои ин санад иддае аз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазири додгустарӣ, кумисери ҳуқуқи башар (омбудсмен) ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башар ширкат доштанд.
Рустам Менглиев, вазири додгустарии Тоҷикистон, дар суханронии худ бо таъкид ба ҳамкориҳои давлат бо созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи боло бурдани дониши ҳуқуқии мардум ва дастрасӣ ба пешрафтҳое дар ин бахш гуфт, ки ин ҳамкориҳо дар оянда идома хоҳанд дошт.
Оқои Менглиев афзуд: “Вазорати мо аз ин иқдомҳо ва гуфтугӯҳо барои афзоиши сатҳи огоҳӣ аз ҳуқуқи сокинон ҳамеша ҷонибдорӣ мекард ва дар оянда низ ҷонибдорӣ хоҳад кард."
"Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ёддоште тафоҳум миёни ниҳоди мо ва Барномаи Тавсеъаи СММ дар мавриди тақвияти ҳокимияти қонун ва ҳуқуқи башар барои тавонмандсозии мардум имзо шуд, ки дар чорчӯби он мо барномаҳоеро барои ислоҳоти ҳуқуқӣ ва системи қазоия роҳандозӣ мекунем.”
Ин масъули давлат фаъъолияти ниҳоди худро дар заминаи афзоиши худогоҳии мардум дар Тоҷикистон ризоятбахш хонд.
Зариф Ализода, омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон, тарҳи ҷадиди СММ дар заминаи ҳуқуқи башар дар ин кишварро судманд хонд ва гуфт, ки ин тарҳ бавижа барои ниҳоди онҳо хеле зарурӣ аст.
Дар ҳоле ки вазири додгустарӣ дар мавриди боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва дастовардҳое дар ин замина суҳбат кард, бисёре аз ҳуқуқдонҳо ба вуҷуди мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз сӯйи кормандони бархе аз ниҳодҳои давлатӣ таъкид мекунанд.
Бархе аз намояндагони аҳзоби мухолиф ва ҳуқуқдонҳо бо ишора ба боздошти Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва вазири собиқи саноеъ, ин қазияро сиёсӣ мехонанд ва мегӯянд, ки давлат бо чунин шеваи боздошт мухолифонашро саркӯб мекунад.
Аз сӯйи дигар, тарҳи ҷадиди намояндагии Барномаи Тавсеъаи СММ ба боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ақшори осебпазир, аз ҷумла занону кӯдакон ва афроди маълулро тамаркуз кардааст.
Барно Муҳаммадиева, ҳамоҳангсози Идораи умури Занони СММ дар Тоҷикистон, роҳандозии тарҳи ҷадидро бавижа барои занон муҳим хонд.
Вай гуфт: “Ин тарҳ имкон медиҳад, ки шумори бештари сокинон аз хадамоти ройгони ҳуқуқӣ дар заминаҳои мухталиф бархурдор шаванд. Дар чорчӯби ин тарҳ барои ҳуқуқдонҳо давраҳои омӯзишӣ баргузор карда ва дар он масоили хушунат дар хонавода ва мавориди дигари нақзи ҳуқуқи зан ва кӯдакон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онро меомӯзонем.”
Хонуми Муҳаммадиева мегӯяд, ки ҳарчанд Қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон як сол пеш тасвиб шуд, вале иҷро ва дарки ин қонун дар ин кишвар бакундӣ пеш меравад.
Ба гуфтаи хонуми Муҳаммадиева, барои омӯзондани ҳуқуқдонҳои ҷавон, ки барои занон ва кӯдакон ва қишри дигари осебпазир дар Тоҷикистон мушовир хоҳанд шуд, омӯхтани ин қонун дар авлавият қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Дафтари кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон марокизи вижаи мушовараи ҳуқуқӣ барои сокинони шаҳри Душанберо ифтитоҳ кардааст.
Ин марокиз дар сохтмонҳои идории бозорҳои Шоҳмансур, Ганҷина, Саховат, Варзоб ва Қарияи Боло дар тӯли як ҳафта ба шаҳрвандони ниёзманд кумакҳои ҳуқуқӣ ироа медиҳанд.
Фаъъолияти ин марокиз ба Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар бахшида шудааст, ки ҳар сол 10 декабр дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз он таҷлил мешавад.
Тасмим дар мавриди таҷлил аз ин рӯз аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид дар соли 1948 иттихоз шуда ва соли 1950 ҳамасола рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ҷашн гирифта мешавад.
Лағви ҳукми эъдом, дастрасии осон ба вазъи зиндониён ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии занону кӯдакон дар Тоҷикистон аз хостаҳои мудофеъони ҳуқуқи башар аст.
