Муъаррифии сериёли омӯзиши ҳуқуқӣ барои қишри осебпазир дар Тоҷикистон

Дар маросими вижае дар шаҳри Душанбе сериёли телевизюнии мавсум ба "Умед ба адолат"-и сохтаи филмсозони тоҷик муъаррифӣ шуд.
Ин сериёл омӯзишӣ буда ва ҳадаф аз таҳияи он осон сохтани шеваи ошноии шумори бештари сокинон дар Тоҷикистон бо ҳуқуқе аст, ки қавонони Тоҷикистон барояшон муъайян кардааст.
Дар ин маросим, ки рӯзи душанбеи 29 июл дар толори меҳмонхонаи "Хайат Реҷенсӣ" доир шуд, ҳанурмандон ва таҳиякунандагони ин филм ширкат доштанд.
То ҳол ҳашт қисмати ин сериёл наворбардорӣ шуда ва сармояи ин филмро сафорати Омрико дар Тоҷикистон фароҳам кардааст. Масъули иҷроии тарҳи таҳияи филмро намояндагии Сандуқи УруОсиё дар Тоҷикистон бар уҳда дошт.
Тавре, ки раиси ин намояндагӣ мегӯяд, бештар ин филм барои тамошои қишри осебпазир дар Тоҷикистон, аз ҷумла занону духтарон ва ҷавонон аз хонаводаҳое, ки ҳуқуқи онҳо бештар нақз мешавад, пешбинӣ шудааст.
Равшан Абдуллоев, раиси намояндагии ин сандуқ дар Тоҷикистон мегӯяд, адами дониши ҳуқуқии иддае зиёде аз сокинон дар манотиқи мухталифи ин кишвар мунҷар ба афзоиши мавориди нақзи ҳуқуқи инсон шудааст.
Оқои Абдуллоев, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Барои таҳияи ин сериёл дар ҳудуди 49 ҳазор дулор масраф шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба муҳим будани мавзӯъ барои мардум мо тасими гирифтем, ки дар сурати пайдо кардани сармоя роҳандозии ин пружаҳоро идома диҳем."
Адами дониши кофии ҳуқуқӣ
Оқои Абдуллоев мегӯяд, ки сериёл аз мавзуъҳои мухталиф иборат буда ва таваҷҷуҳи аслӣ ба мушкилоте шудааст, ки мардум дар Тоҷикистон бештар ба онҳо рӯбарӯ ҳастанд.
Вай афзуд, ки қаҳрамони аслии сериёл ваколатдори ҳуқуқи башар аст, ки бо мардум бисёр наздик буда ва барои ҳалли мушиклоти онҳо дасти кумак дароз мекунад.
Барои иҷрои нақши қаҳрамонони аслии сериёл таҳиякунандаи он ҳунармандони ҳирфаӣ ва саршиноси Тоҷикистонро ҷалб кардааст.
Шӯҳрат Раҳматуллоев, ҳунарманди ҷавони тоҷик ва иҷрокунандаи нақши қаҳрамони аслии сериёл гуфт, ки то ширкат дар наворбардории ин филм аз бисёре аз қавонуни марбут ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бехабар буд.
Ӯ афзуд: "Ман бо иҷрои ин нақш ҳамзамон бо бисёре аз қонунҳои мавҷуда дар Тоҷикистон ошно шудам. Ба назарам то замоне, ки мардум камтар аз ҳуқуқи худ хабар доранд, ҳар касе ки хост даст ба поймол кардани ҳуқуқи ин мардум хоҳад зад."
Коршиносон мегӯянд, ки ҳунармандон дар миёни сокинон дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хосе бархурдоранд ва мардум ба ҳангоми тамошои филм ба сухани онҳо бовар хоҳанд кард.
Далер Раҳматов, таҳикунандаи филм мегӯяд, ки баъд аз пирӯзӣ дар музояда, ки барои иҷрои ин барнома намояндагии Сандуқи УруОсиё дар Тоҷикистон эълом кард, онҳо билофосила ба навиштани достонҳои сериёл оғоз кардаанд.
Вай афзуд: "Мо бояд ин достонҳоро наздик ба зиндагии иҷтимоъии сокинон мекардем. Ва ҳамин тавр низ шуд. Яке аз достонҳои сериёл ба зиндагии хонаводаҳо бахшида шудааст, ки дар он зани обистан аз ҳуқуқи худ ба манзил бехабар аст."
Аммо оқои Раҳматов афзуд, ки сериёл бо забони содда барои дарки аксари мардум таҳия шуда ва вай мегӯяд, ки дар ҷараёни таҳияи филм ӯ алоқаманди наворбардории сериёлҳо шудааст.
Ҳамчунин дар ин сериёл, масоили марбут ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон барои гирифтани нафақа барои кӯдакон, ақди никоҳ, хушунат дар хонавода, ҳуқуқ ба мерос, фасоди молӣ ва даст задани ҷавонон ба ҷароим матраҳ шудааст.
Ба гуфтаи дастандаркорони филм, достони сериёл бар асоси ҳаводиси воқеъӣ, ки ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон дар манотиқи мухталиф бо онҳо рӯбарӯ шудаанд, сохта шуда ва дар охири ҳар қисмати сериёл, машварати коршиносонаи ҳуқуқдонон барои ҳалли мушкил ироа мешавад.
Масъулони намояндагии Сандуқи УруОсиё ин сериёлро барои намоиш ба ширкатҳои давлатӣ ва хусусии телевизюнҳо пешниҳод кардаанд.
Ҳамчунин иддае аз довталабон сериёлро ба рустоҳо ва деҳоти мухталифи ин кишвар мебаранд ва дар нишастҳои дастаҷамъӣ ба намоиш гузошта ва дар ҷараёни ин намоишҳо ҳамчунин машварати ҳуқуқӣ барои сокинон дар назар гирифта шудааст.
Коршиносон бо дарназардошти мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Миёна таҳия ва намоиши филмҳоро дар мавриди шеваи дифоъ аз ҳуқуқҳои инсон дар ин кишварҳо бамавқеъ арзёбӣ мекунанд.
Ҳарчанд мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахусти истиқлол бар мабнои таъаҳҳудоти байналмилалӣ, низоми демукротики идораи кишварро тақвият карда ва робитаи мутлақи онро бо ҳуқуқи инсон ва авлавияти қонун ҳамчун мароми аслии бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ медонанд.
Аммо иддае аз ҳуқуқдонҳо, аз ҷумла вукалои мудофеъ мегӯянд, ки бар асоси таҷрибае, ки онҳо доштаанд, бештари мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иборат аз помол шудани ҳуқуқи инсонҳо ба манзил, хушунати хонаводагӣ ва навоқис дар таъмини ҳуқуқи расидагии одилонаи додгоҳӣ будааст.
