Ду қазияи таҷовузи падарон ба номуси духтаронашон дар рӯзҳои ахир

  • 23 Август, 2013
қурбониёни таҷовуз
Image caption Ин нахустин қазияи таҷовуз ба номуси занони ноҳияи Қумсангир аз сӯйи наздиконашон нест. Тирамоҳи соли 2012 дар додгоҳи ноҳияи Қумсангир марде 54-сола дар таҷовузи ҳамсари писараш муҷрим шинохта шуда буд.

Додситонии ноҳияи Қумсангир дар ҷануби Тоҷикистон алайҳи марде, ки дар тоҷовузи духтараш муттаҳам мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бахтовар Шарипов, бозраси ин парванда дар ноҳияи Қумсангир ба Би-би-сӣ гуфт, ки алайҳи ин мард тибқи моддаи 138 қисми яки қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне таҷовуз ба номус парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Оқои Шарипов гуфт, мазнун Авазҷон Азизови 49-сола, сокини рустои Кавраки ноҳияи Қумсангир аст ва ӯ дар таҷовузи духтари 22-солаи худ Насиба Азизова муттаҳам шудааст.

Пулиси ноҳияи Қумсангир Авазҷон Азизовро 19-қми августи соли ҷорӣ боздошт карда ва мегӯянд, таҳқиқоти муқаддамотӣ ошкор карда, ки ӯ аз моҳи сентиябри соли 2011, пас аз он ки духтараш бо гирифтани талоқ аз шавҳараш ба хонаи волидайн бозгашт борҳо ӯро мавриди таҷовуз қарор додааст.

Насиба Азизова аз ин “амали бешарафона”- и падараш ба пулиси Қумсангир шикоят бурда ва пулис ӯро фавран боздошт кардааст.

Ин нахустин қазияи таҷовуз ба номуси занони ноҳияи Қумсангир аз сӯйи наздиконашон нест. Тирамоҳи соли 2012 дар додгоҳи ноҳияи Қумсангир марде 54-сола дар таҷовузи ҳамсари писараш муҷрим шинохта шуда буд.

Додгоҳ, ӯро барои 3 сол аз озодӣ маҳрум кард, аммо ба хотири ангушнамо нашудани ин хонавода дар миёни ҷомеъаи суннатӣ пулис аз ифшои ҳуввияти ин мард худдорӣ карда буд.

Аммо дар ҳафтаи ҷорӣ як парвандаи дигари марбут ба таҷовуз ба номуси духтар аз сӯйи падар низ боз шудааст.

Вазорати кишвари Тоҷикистон дирӯз, 22-юми авгус хабар дод, ки дар рустои Конститутсияи ноҳияи Рӯдакӣ низ падаре ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтараш боздошт шудааст.

Дар ин хабар мехонем, ки Муқим Маҳмадаллиев аз моҳи октиябри соли 2012 бо роҳи зуроварӣ духтараш Тахминаи Муқимро таҷовуз мекарда ва ба ин ҷинояти худ то моҳи июли соли ҷорӣ идома медод.

Таҳминаи Муқими 19-сола баъди фирор аз хона дар соъоти шаб ба пулис дар ин бора шикоят бурдааст.

Дар хабар омадааст, ки Муқим Маҳмадуллоев ба духтараш иҷозаи аз хона берун рафтанро намедод ва дар сурати шикоят ба касе таҳдид карда буд, ки ӯро мекушад.

Ин дар ҳолест, ки ҷомеъаи Тоҷикистон суннатӣ маҳсуб шуда ва аксари занону духтарони қурбонии таҷовуз ба далели бим аз доғи нанг аз ин ҳаводис ба пулис гузориш намекунанд.

Матолиби муртабит