Боздошти ноболиғе ба занни қатли бераҳмонаи кӯдак дар Хуросон

Дар робита ба қатли бераҳмонаи писари 9-сола дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ду рӯзе қабл дар бораи он гузориш шуда буд, як ноболиғи 15 сола, сокини деҳоти Фахрободи, рустои Ҳисоробод дар ноҳияи Хуросон боздошт шудааст.
Вазорати кишвари Тоҷикистон акси ин писари ноболиғи мазнун ба қатли кӯдакро дар вебсойти худ интишор додааст.
Бино ба иттилоъи Вазорати кишвари Тоҷикистон гурӯҳи таҳқиқотие, ки дар робита ба ин қатли бераҳмона таъсис ёфта буд, фарди мазнунро дар байни 24 соъат пас аз ошкор шудани ҷасади кӯдаки 9-сола дар чарогоҳҳои хоҷагии деҳқонии “Асадулло” дастгир кардаанд.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ мазнун Ғоибназари Холиқназар шогирди синфи 9-уми мактаби рақами 3-и деҳоти Фахробод будааст.
Пулис мегӯяд ин ноболиғи 15-сола аввал писари 9-соларо таҷовуз карда ва сипас ба гардани вай аз пешу қафо 16 бор бо корд зарба зада ва эҳтимолан мехостааст сарашро аз тан ҷудо кунад.
Пулис мегӯяд барои боздошти ин ноболиғ “далели шайъӣ” дар даст дошта ва таҳқиқи ин ҳодиса ҳамчунон идома дорад.
Вазорати кишвари Тоҷикистон бо пахши ин хабар дар сойти худ, таъкид мекунад, ки чунин ҷиноятҳо бояд сокинони кишварро барои назорат ва тарбияи беҳтари фарзандонашон водор кунад.
Дар ин гузориш мехонем: “Содиршавии чунин ҷиноятҳои махсусан вазнин чӣ аз ҷониби ноболиғон ва чӣ нисбати онҳо бояд ҳисси масъулиятшиносиро дар замири падару модарон бедор намуда, дар таълиму тарбия ва назорати фарзандони хеш ҷиддӣ муносибат намоянд, то онҳоро аз ҳар осебу газанди рўзгор ҳифз намуда бошанд.”
Офоқи Қодириён, сухангӯи бахши вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 20-уми август хабар дода буд, ки мутахассисон мушаххас кардаанд, ки таҷовуз ба номус ва қатли ин кӯдак дар ҳудуди соъати шаши 19-уми август сурат гирифтааст.
Пулис ин ҳодисаи қатлро “қатл бо роҳи зуроварӣ ва ваҳшиёна” унвон кард. Пулис дар бораи хонаводаи кӯдаки кушташуда иттилоъ пахш накардааст. Ин аввалин ҳодисаи таҷовуз ба номус ва қатли кӯдак дар соли 2013 дар вилояти Хатлон аст.
