Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ ба давлат: Тавсияҳои СММ-ро иҷро кунед

Намояндагони эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ ва федеросиюни ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки коршиносони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон дар заминаи иҷрои паймони ҳуқуқи сиёсӣ ва маданӣ дар ин кишвар шадидан интиқод кардаанд.
Ин эътилоф бо пахши баёнияи муштараке ҳамчунин гуфтааст, ки ин коршиносони кумитаи ҳуқуқии СММ ҳамчунин феҳристе аз тавсияҳои интқодии хешро ба давлати Тоҷикистон барои ислоҳот дар иртибот ба ҳуқуқи башар дар оянда пешниҳод кардаанд.
Дар ин баёния, ки рӯзи чаҳоршанбеи 31 июл мунташир шудааст, омадааст, ки бисёре аз ин масоил дар шӯрои 108-уми Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз сӯйи масъулони ин эътилоф матраҳ шуда буданд.
Аз ин рӯ ин намояндагон аз мақомоти давлати Тоҷикистон даъват карданд, ки барои баррасӣ ва иҷрои тавсияҳои ироашуда аз сӯйи ин кумита диққати ҷиддӣ кунанд.
Аз ҷумла таъмини фаъъолияти мустақил ва муассири дафтари ваколатдори ҳуқуқи башар ва озодии тасмимгирии қувваи қазоия дар Тоҷикистон аз пешниҳодоти аввали ин кумита будааст.
Таъмини ҳуқуқ ва дастарсӣ ба вукалои мудофеъ барои афроди боздоштшуда, ҳаққи озодбаёнӣ барои рӯзноманигорон ва мардум ва лахви ҳукми эъдом вав таъмини таҳқиқоти куллияи мавориди маргу мири зиндониён аз пешниҳодоти дигари коршиносони кумитаи СММ ба ҳукумати Тоҷикистон будааст.
Ҳамчунин чанд тавсияи дигаре, ки ба давлати Тоҷикистон ироа шудааст, бознигарӣ ба қонун дар мавриди ҳуқуқ ба озодии таҷаммӯъ (эътирозот ва ҷамъомадҳо) барои мардум, таҳқиқи мавориди шиканҷа дар зиндонҳо ва бознигарӣ ба қонуни танзимкунандаи таъсиси созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин кишвар будааст.
Ин тавсияҳо дар пайи муъаррифии гузориши солонаи давлати Тоҷикистон дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар дар авоили моҳи июл дар Женев ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.
Ин бор Рустам Менглиев, вазири додгустарӣ дар назди кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи башар дар мавриди "дастовардҳои" давлати Тоҷикистон дар ин замина гузориш дод.
Аммо тавре, ки дар баёния омадааст, баъд аз ин гузориш коршиносони ин кумита аз қатли афроди ғайринизомӣ дар амалиёти як соли қабли шаҳри Хоруғ ибрози нигаронӣ карда ва аз он ки таҳқиқоти ин ҳодисот ҳанӯз анҷом нашудааст, интиқод кардаанд.
Ин кумита ба давлати Тоҷикистон тавсия кардааст, ки афроди муқассир дар марги ин афрод муҷозот шуда ва ба хонаводаҳои қурбониён ҷубронпулӣ пардохт шавад.
Зери баёнияи эътилофи намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 15 созмони ғайридавлатӣ аз саросари ин кишвар имзо гузоштаанд.
