Ифтитоҳи як посгоҳи ҷадид барои марзбонони афғон дар Бадахшон

  • 23 Май, 2014
Бинои постгоҳи ҷадид дар Ҷомарҷи Боло Image copyrightBBC World Service
Image caption Ин чаҳорумин посгоҳи ҷадид дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар вилояти Бадахшон аст

Сохтмони як посгоҳи ҷадиди марзӣ барои марзбонони афғон дар минтақаи Жомарҷи Боло дар вилояти Бадахшон Афғонистон, воқеъ дар наздикии ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон, ифтитоҳ шуд.

Ин посгоҳ бо кумаки Иттиҳодияи Урупо ва Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳиддар чорчӯби барномаи мавсум ба БОМНАФ (BOMNAF) барои тақвияти нерӯҳои марзбонии Афғонистон сохта шудааст.

Фаъъолияти аслии ин посгоҳ иборат аз назорат бар рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли коло аз пули утумубилраве бар фарози рӯдхонаи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳаволии ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон аст.

Ин чаҳорумин посгоҳи марзӣ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон аст, ки бо кумаки молии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фаъъол мешавад.

Дар солҳои қаблӣ посгоҳҳои ҷадид дар гузаргоҳҳои Ишкошим, Шуғнон ва Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ба фаъъолият оғоз карда буданд.

Дар расми ифтитоҳи посгоҳи ҷадид, ки рӯзи панҷшанбеи 22 май доир шуд, мақомоти маҳаллӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар минтақа ва шуморе аз сокинони рустои Жомарҷи Болои вулусволии Дарвоз, ки ба ин посгоҳ наздик аст, ширкат доштанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Юусуфӣ гуфт, ки қаблан онҳо ба фанноварии ҷадид ва шароити беҳтаре барои мазбонон ниёзи шадид доштанд

Бисёре аз суханронони ин маросим бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуда дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар Бадахшон, ки яке аз минтақаҳои душворгузари марз ба ҳисоб меравад, бар аҳаммияти ин посгоҳ барои беҳбудии шароити фаъъолияти марзбонони афғон таъкид карданд.

Мойкел Мелбин, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Кобули Афғонистон, гуфт аз ифтитоҳи посгоҳи ҷадид, ки мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалист, хушнуд аст.

Оқои Мелбин гуфт: "Ин қисмате аз саҳми Иттиҳодияи Урупо аз ҳашт милюн дулор аст, ки ин иттиҳодия барои беҳбуди вазъият дар марзи Афғонистон дар ихтиёри БОМНАФ гузоштааст."

Барномаи ҳимоят аз марзбонони афғон (БОМНАФ) барои бунёди посгоҳи ҷадид дар минтақаи Жомарҷи Боло беш аз як милюн дулор харҷ кардааст. Дар ин посгоҳ шароити фаннӣ барои фаъъолияти марзбонон ва тафреҳу зиндагии онҳо фароҳам шудааст.

Дар чорчӯби ин барнома ба ҷуз аз сохтмони посгоҳҳо барои марзбонон, ҳамчунин барномаҳои омӯзишӣ барои марзбонон барои боло бурдани сатҳи дониши ҳирфаии онҳо дар назар гирифта шудааст.

Мушкилоти муроқибат аз марз

Аз ифтитоҳи посгоҳи ҷадид беш аз ҳама сарҳанг Ҳакими Юсуфӣ, фармондеҳи марзбонони афғон дар посгоҳи Жомарҷи Боло, хушнуд аст. Вай гуфт, ки қаблан онҳо ба фанноварии ҷадид ва шароити беҳтаре барои марзбонон ниёзи шадид доштанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Маҳмадалиев гуфт, ки беҳбудии шароити кори марзбонон барои тақвияти муборизаи онҳо бо марзшиканон муҳим аст

Оқои Юсуфӣ афзуд: "Асосан хеле зарур буд, ки ин биноро бароямон бисозанд. Дар ин ҷо ки марзи тӯлонӣ ва душворгузар аст ва бо бунёди пули иртиботӣ фаъъолияти мо бештар шуд. Қаблан персуноли мо (кормандон) дар зери бориши барфу борон ва офтоби гарм буданд ва бо мушкилот кор мекарданд."

Гуфта мешавад, ки бунёди чаҳор пули ҷадид бар фарози рӯдхонаи Панҷ, ки дар даҳсолаи ахир бо сармояи Шабакаи тавсеъаи Оқохони Чаҳор дар вилояти Бадахшон сохта шудаанд, бархе аз душвориҳои мардумони ду сӯйи рӯдхонаро осон кардаанд.

Сарҳанг Юусуфӣ мегӯяд, ки тӯли марзи Дарвози боло, ки онҳо аз он муроқибат мекунанд, ҳудуди 50 килуметр буда ва танҳо дар ҳудуди 10 килуметри он роҳҳои иртиботӣ мавҷуд аст.

Аммо ба гуфтаи вай, бо таваҷҷуҳ ба набуди роҳҳои иртиботӣ дар тӯли боқимондаи марз онҳо наметавонанд аз худравҳо ва мошинҳои вижа барои муроқибат аз марз истифода кунанд.

Масъулони БОМНАФ бо таваҷҷуҳ ба минтақаи душворгузар будани ин самти марз дар чорчӯби барнома барои марзбонони посгоҳи Жомарҷи Боло се мутурсиклети вижа эъто карданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Мелбин мегӯяд, аз он хушнуд аст, ки дар ин самти марз як посгоҳи замонавӣ бунёд шудааст

Дар ҳамин ҳол, Миралӣ Маҳмадалиев, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии тоҷик дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон, низ мегӯяд, ки беҳбудии шароити кори марзбонон дар ду сӯйи рӯдхонаи Панҷ барои тақвияти муборизаи онҳо бо марзшиканон муҳим аст.

Сарҳанг Маҳмадалиев мегӯяд: "Муносибот миёни марзбонони тоҷику афғон дар ин самти марзи муштарак бениҳоят хуб аст. Дар мулоқотҳои дуҷонибаи миёни мо бисёре аз масоили мавҷуда дар заминаи ҳифозат аз марз ҳал мешавад. Дар бархе аз маворид марзбонони афғон барои табобати кормандони марзбон ва ё мардуми одӣ ба мо муроҷеъа мекунанд ва мо тибқи қонуни мавҷуда ба онҳо кумак мекунем."

Масъулони барномаи БОМНАФ ва созмонҳои дигари кумаккунанда низ ба ҳамкориҳои миёни марзбонон барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва аслиҳа таъкид мекунанд. Дар ин замина дар ду соли ахир давраҳои омӯзишии муштараке барои марзбонони ду кишвари Тоҷикистону Афғонистон баргузор шудааст.

Матолиби муртабит