Ироаи кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Афғонистон
Image copyrightBBC World ServiceДавлати Тоҷикистон барои осебдидагони ҳодисаи табии дар вилояти Бадахшони Афғонистон кумакҳои башардӯстона ироа кард.
Субҳи зӯҳри рӯзи якшанбеи 4 май, корвони комюнҳои ҳомили ин кумакҳо аз яке аз қароргоҳҳои Кумитаи изтирории Тоҷикистон равонаи Афғонистон шудаанд.
Кормандони ин кумита, ки масъулияти интиқоли ин маводдро доштаанд, мегӯянд, ки ин кумаҳо ҳудуди 200 тун буда ва шомил аз маводди ғазоӣ, оби ошомиданӣ, маводди сӯхтӣ, либоси кӯдакон ва лавозимоти дигари рӯзгор будааст.
Женерол Рустам Шоев, муъовини раиси Кумитаи умури изтирорӣ мегӯяд, ки кормандони гурӯҳи Наҷоти ин кумита низ ба хотири амнияти ин корвон онро ҳамроҳӣ мекунанд.
Вай афзуд: “Ҳамчунин ҳайъате аз ҷумлаи кормандони ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла аз вазорати умури хориҷа ин корвонро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин корвон 11 комюни ҳомили кумакҳое ҳастанд, ки ҳоло мардуми зарардида дар Бадахшони Афғонистон бештар ба он ниёз доштаанд. Агар мақомоти Афғонистон дархости кумаки наҷотдиҳандагони моро барои фаъъолиятҳое дар минтақаи осебдида кунанд, мо дар зудтарин фурсат, кормандони гурӯҳи наҷотро ба он кишвар мефиристем.”
Ба гуфтаи Женерол Шоев, маводди аслии ғазоии ин кумакҳо иборат аз орд, биринҷ, равғани наботӣ, шакар ва оби ошомиданӣ будааст. Оқои Шоев мегӯяд, ки ироаи кумакҳои башарии Тоҷикистон ба Афғонистон бо суфориши Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар сурат мегирад.
Рӯзи қабл Президент Раҳмон дар номаи таслиятӣ ба Ҳомид Карзай, ҳамтои афғони худ гуфтааст, ки аз фоҷеъаи мардум дар вилояти Бадахшон сахт андӯҳгин будааст.
Номаи таслиятии Президент Раҳмон, рӯзи шанбеи 3 май дар сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шуда ва дар он оқои Раҳмон гуфтааст: “Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед. Ба аҳлу пайвандони бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем.”
Умеда, як сокини ҷавони шаҳри Душанбе низ мегӯяд, ки бо шунидани иттилоъ дар мавриди ҳодисаи рониши замин дар кӯҳистони Афғонистон вай ва аъзои хонаводааш ғамгин шудаанд.
Умеда мегӯяд: “Мо тоҷикон бояд дар чунин замон дар қиболи мардуми ҳамфарҳанг ва ҳамзабони худ дар Афғонистон бетафовут набошем. Зеро агар дар манзили ҳамсоя як воқеъи нохуш рух диҳад, тамоми ҳамсоягони дигарро ғамгин мекунад ва онҳо барои кумак ба по мехезанд.”
Рӯзи ҷумаъи 2 май дар вулусволии Аргӯйи Бадахшони Афғонистон ҳодисаи рониши замин рух дод ва 300 хонавор дар қарияи мавсум ба Оби Борики ин вулусволӣ зери гил монданд.
Кормандони пулиси вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон, гуфтаанд, ки ин ҳодиса ҳаволии соъати 12:15 дақиқа ба вақти маҳаллӣ иттифоқ уфтодааст. Мақомҳои маҳаллӣ дар ин вилоят, гуфтаанд, ки теъдоди талафоти ҷонӣ дар ин ҳодисаи табии беш аз 2500 нафар будааст.
Волии Бадахшон гуфтааст, ки рониши замин дар ду марҳила ва ба фосилаи замонии як соъат аз якдигар иттифоқ уфтодааст ва бештари қурбониён касоне будаанд, ки аз қарияҳои ҳамсоя барои кумак ба осебдидагони рониши аввад омада буданд.
