Боздошти шаҳрванди Афғонистон ба занни қочоқи маводди мухаддир

  • 7 Март, 2014

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон ба занни қочоқи маводди мухаддир дар ҷануби ин кишвар хабар додааст.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин вазорат, аз ин қочоқчӣ, ки дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон боздошт шудааст, 37 килуграм бангро мусодира шудааст.

Кормандони ин ниҳод ҳуввияти ин фардро низ муъайян карда ва аз вай Сайидалӣ валади Аҳмад ном бурдаанд.

Ин сокини 36-солаи афғон дар натиҷаи як амалиёти вижаи пулис алайҳи қочоқи маводди мухаддир дар вилоят боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол бар асоси иттилоъи Вазорати додгустарии Тоҷикистон дар зиндонҳои ин кишвар шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон, ки бештар ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд, ба сар мебаранд.

Дар сойти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин гузориш аз боздошти ду ҷавони тоҷик ба иттиҳоми қочои маводди мухаддир низ пахш шудааст.