Таниш дар марз: Роҳи ҳалли мушкил чист?

Таниш дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар навоҳии Исфара ва Бодканди ду кишвар дар чанд моҳи ахир афзоиш ёфтааст. Ихтилоф бар сари истифода аз манобеъи об, замин ва роҳ чанд бор ба хушунат ва даргирӣ кашида шуд.
Ин ду кишвари Осиёи Миёна наздики як ҳазор килуметр бо ҳам марз доранд, аммо фақат ними онро аломатгузорӣ кардаанд. Ба хотири ошноӣ бо вазъият дар минтақа ба Исфара сафар кардам.
Шаҳре дар қалби водии Фарғона
Исфара дар қалби водии Фарғона ҷойгир аст. Ин минтақа ҳафт вилоятро дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар бар мегирад. Аз назари тарокум, болотарин мизони ҷамъият дар Осиёи Миёна дар ин водӣ сукунат доранд.
Рушди ҷамъият мизони тақозо ба манобеъи табиъие, мисли замин, об ва чарогоҳҳоро боло бурда. Ин амр боъиси вахим шудани вазъи иҷтимоъӣ ва бурузи ихтилофоти марзӣ шудааст.
Аз маркази Исфара то маҳалли муноқишаҳои чаҳор моҳи ахир дар минтақаи Чоркӯҳ наздики 30 килуметр фосила ҳаст.
Даргирии аввал 11 январи имсол дар марзи рустоҳои Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон рух дода буд ва бар асоси гузоришҳо аз ду тараф ҳашт марзбону як маъмури пулис захмӣ шуданд. Сабаби ин низоъ сохтмони роҳи Куктош-Оқсой-Тамдиқ тавассути қирғизҳо ва мухолифати тоҷикҳо бо он буд.
Таъсири ихтилофҳо руи зиндагии мардум
Дар рустои Хоҷаи Аъло бо Субҳон Бобоев, сокини ин русто рубару шудам, ки говҳояшро дар канори рудхона мечаронд. Ӯ гуфт, ки харҷи хонаводаашро умдатан аз роҳи парваришу фуруши ҳайвоноти аҳлӣ таъмин мекунад.
Аммо акнун чанд сол аст, ки марзбонони қирғиз ба ӯ ва ҳамдеҳаҳояш иҷозаи бурдани говҳояшонро ба чарогоҳҳои атроф намедиҳанд. Ин вазъият Субҳонро нигарон карда:
"Ин чарогоҳҳо, ки дар он тарафи рудхона мебинед, моли мост. Чаҳор-панҷ сол пеш мо молҳоямонро ба он ҷоҳо мебурдем. Қирғизҳо сарбозҳояшонро оварда роҳҳоро бастанд ва бо зӯр чарогоҳҳоро аз мо гирифтанд. Номи кӯҳҳо ҳама тоҷикӣ ҳастанд, мисли Гаравшин, Урдучашма, Мешӣ ва Ангишт, аммо онҳоро қирғизҳо соҳиб шудаанд."
Умар Аъзамов, сокини дигари рустои Хоҷаи Аъло ахиран аз Русия баргашта, то осиёи шолияшро ба кор андозад. Обу донаи хонаводаашро аз зери чархи ин осиё ба даст меорад. Вай мегӯяд:
"Ин осиё ҳам барои қирғизҳост ва ҳам барои тоҷикҳо. Сокинони деҳаҳои Оқсой, Куктош, Оқтатир ва Говсувор ҳамаашон ба назди мо меоянд, дар ин ҷо кор мекунанд. Албатта мехоҳам муросо шавад, барои он ки падару бобоҳои мо бо онҳо бо муросо зиндагӣ карда буданд."
Агар ҳама мисли Умар фикр мекарданд, шояд 7 май байни тоҷикҳо ва қирғизҳо низоъи тоза рух намедод ва аз ду тараф даҳҳо маҷруҳ ва осебдида бар ҷой намегузошт. Осори хушунатҳои он рӯзро дар канори роҳ дидем.
Ба далели ҷавви ҳоким дар ин ҷо, имкони гуфтугӯ бо шоҳидони ҳодисаро надоштем то бифаҳмем, ки комюну вогуну пумпи бензинро кӣ оташ задааст.
Дуртар аз маҳалли ҳодиса бо як зани қирғиз ошно шудем, ки бо шавҳару чаҳор фарзандаш дар рустои ҳамсоя, дар хоки Қирғизистон зиндагӣ мекунад. Бибиойша Қурбонова гуфт,ки онҳо бо ҳамсояҳои тоҷикашон мушкиле надоранд ва ҳеҷ кирғиз ҳам маҳалли зиндагиашро тарк карданӣ нест. Аммо ӯро ояндаи фарзандонаш нигарон карда. Бибиойша гуфт:
"Мо намедонем фардо чи иттифоқе хоҳад уфтод. Аз ояндаи худ ва фарзандонамон нигарон ҳастем. Барои мақомоти мо ҳалли ин буҳрон кори сахте хоҳад буд, аммо бояд роҳи ҳале пайдо карда шавад."
Роҳи ҳалли буҳрон чист?
Чаҳор моҳ мешавад, ки мақомоти ду кишвар роҳҳои коҳиши таниш дар марзро ҷустуҷӯ доранд. Бисёре бар ин боваранд, ки роҳи аслӣ, таъйини ҳарчи сареъи хатти марз миёни ду кишвар аст.
Вале Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик дар ин бора назари дигар дорад:
"Маҳалҳое ҳастанд, ки печ дар печ бо ҳам ҷойгир шудаанд. Аз ин рӯ гузаронидани хатти марз тақрибан номумкин аст. Дар он минтақаҳое, ки баҳсталаб ҳастанд, бояд ҳамеша бунгоҳҳои муштарак бунёд шаванд, марзбонони тоҷику қирғиз бо ҳам назорат кунанд, агар хоҳанд сарватҳои табиъӣ, об ва заминро якҷо бо мақомоти маҳаллии ду кишвар тақсим кунанд, он вақт вазъият шояд каме осуда гардад."
Баҳсу ихтилофоти марзӣ миёни бисёре аз ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи ин ҷумҳуриҳо узви кишвари бузурге ба номи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва бо ҳам мушкилоти марзӣ надоштанд.
Ихтилофот ва иддаъоҳои марзӣ миёни бисёре аз ин кишварҳо мероси шӯравист, ки акнун бояд мардуми ин кишварҳо, мисли Тоҷикистону Қирғизистон бо он бисозанд. Зеро дар нақшаҳои замони шӯравӣ хатти марз миёни ду кишвар дар минтақаҳои мавриди баҳс ба сурати мутафовит нишон дода шудааст.
Дар бештари маворид ихтилофот ва иддаъоҳои марзӣ аз ҳамон нақшаҳои баҳсбарангези даврони шӯравӣ маншаъ мегирад.
