Давлаталиева: 'Қирғизтаборҳо моил нестанд Тоҷикистонро тарк кунанд'

  • 29 Апрел, 2014
ҚирғизҳоImage copyrightBBC World Service
Image caption Қирғизтаборони Тоҷикистон умдатан дар манотиқи кӯҳистонӣ ба сар мебаранд

Раиси Анҷумани қирғизтаборҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки қирғизҳо аз вазъи зиндагии худ дар ин кишвар шикояте надоранд ва моил ҳам нестанд ба Қирғизистон муҳоҷират кунанд.

Зуракан Давлаталиева рӯзи сешанбеи 29 апрел дар суҳбат бо Би-би-сӣ хабарҳоеро мабнӣ бар ин ки гӯё қирғизтаборҳои Тоҷикистон аз давлати Қирғизистон дархости кӯч додани худ ба он кишварро кардаанд, такзиб кард.

Вай гуфт, ки дар пайи танишҳои ахир дар манотиқи марзии вилоёти Суғд ва Ботканд, ки ба баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ мунҷар шуд, қирғизтаборҳои Тоҷикистон ба сафорати Қирғизистон дар Душанбе муроҷеъа карда ва хостори боз кардани роҳҳо ва беҳбуди равобити ин ду кишвар шуда буданд.

Зимнан, Алясбек Алимқулов, вазири кор, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон, рӯзи душанбеи 28 апрел, дар ҷаласаи порлумони ин кишвар "аз нақзи ҳуқуқи қирғизҳо дар Тоҷикистон" суҳбат кардааст.

Хабаргузориҳои Қирғизистон аз қавли оқои Алимқулов навиштаанд, ки дар сурати ба забони тоҷикӣ (форсӣ) хуб суҳбат накардан қирғизҳо наметавонанд дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон фаъъолият кунанд.

Ҳамчунин, номи хиёбону маҳаллаҳо ва мактабҳо аз қирғизӣ ба тоҷикӣ (форсӣ) номгузорӣ шуда, муъаллимони қирғиз маҷбур будаанд ба забони расмии Тоҷикистон дарс диҳанд.

Алясбек Алимқулов гуфтааст, ки аз ин лиҳоз қирғизтаборҳои ноҳияи Чиргатоли Тоҷикистон хостори кӯч кардан ба Қирғизистон шуда ва дар ин замина аз давлати ин кишвар дархости мусоъидат кардаанд.

Ӯ ба суханони раиси Анҷумани қирғизтаборҳои Тоҷикистон истинод кардааст, ки гӯё ҳангоми дидораш аз Бишкек вазъи қирғизтаборони Тоҷикистонро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.

Аммо Зуракан Давлаталиева, раиси Анҷуман ё Ҷамъияти қирғизтаборҳои Тоҷикистон, ин хабарро рад карда ва гуфт, ки дар чанд соли ахир аз Қирғизистон дидор накардааст ва қирғизтаборҳо низ ба давлати Қирғизистон ҳеч гуна дархосте дар ин замина ирсол накардаанд.

Як манбаъ аз сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон низ гуфт, ки то ҳол аз қирғизтаборони Тоҷикистон дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқашон муроҷиъа ё шикояте ба сафорат ворид нашудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ, аз замони тасвиби барномаи давлатии “Кайрилман” (Бозгашт) дар Қирғизистон дар соли 2004 ҳудуди ду ҳазор қирғизтабори Тоҷикистон ба он кишвар кӯч бастаанд.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, феълан дар навоҳии Ҷиргатол, Мурғоб ва вилояти Суғди Тоҷикистон беш аз 82 ҳазор нафар аз қирғизтаборон ба сар мебаранд, ки умдатан ба кишоварзӣ ва домдорӣ машғуланд.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, суханони Алясбек Алимқулов, вазири кор, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон, дар бораи эҳтимоли нақзи ҳуқуқи қирғизтаборҳо дар Тоҷикистон, ки дар пасманзари буҳрони Укройн садо медиҳад, ҳокӣ аз таъсири ин ҳаводис дар зеҳнияти бархе аз мақомоти кирғиз аст.

Русия бо баҳонаи "дифоъ аз ҳуқуқи рустаборҳо" ҷумҳурии худмухтори Кримеро, ки бахше аз Укройн буд, ба тасарруфи худ даровард ва танишҳо дар бархе аз вилоёти шарқии Укройн, ки ҷамъияти зиёди рустабор дорад, ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.

Матолиби муртабит