Гуфтугӯи телефунии нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон

  • 10 Апрел, 2014

Нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар як гуфтугӯи телефунӣ мавзӯъи дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Тибқи иттилоъи хабаргузории давлатии “Ховар”, ин гуфтугӯ миёни Қоҳир Расулзода ва Ҷомарт Оторбоев, рӯзи панҷшанбеи 10 апрел анҷом шуда ва дар ҷараёни он оқои Расулзода ҳамтои қирғизи худро бо интисоб ба ин симат шодбош гуфтааст.

Ҳамчунин, дар суҳбати миёни ин ду мақоми аршад ҷониби Қирғизистон пешниҳод карда, ки дар фурсати муносиб барои Тоҷикистон мулоқот миёни онҳо баргузор шавад.

Дар ин муколима ҳамчунин ба ҷуз аз баррасии ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла энержӣ ва роҳу таробарӣ миёни кишварҳо, мавзӯъи ҳамкориҳо дар умури марз низ матраҳ шудааст.

Ҳарчанд ин хабаргузории давлатӣ иттилоъи бештаре аз ин пахш накарда, аммо ба гуфтаи манобеъи огоҳ, баррасии масоили марзии байни ду кишвар аз мавзӯъоти аслии ин гуфтугӯ будааст.

Даргирии мусаллаҳона миёни марзбонони қирғиз ва тоҷик, ки 11 январ дар ноҳияи Исфара рух дод, ба таниш миёни Тоҷикистону Қирғизистон мунҷар шуда буд.