Қирғизистон натоиҷи ҳамапурсӣ дар Кримеро пазируфт
Image copyrightAFPВазорати хориҷаи Қирғизистон натоиҷи ҳамапурсӣ дар Кримеро “раъйи аксари кулли сокинони Ҷумҳурии худмухтори Криме” арзёбӣ кардааст.
Зимнан, бар асоси натоиҷи ҳамапурсӣ дар Криме 96 дарсади сокинони ин минтақа барои пайвастани ин минтақа ба Русия раъй доданд ва мақомоти Русия эълом доштанд, ки ин ҳамапурсӣ дар чорчӯби меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ойиномаи СММ баргузор шудааст.
Дар баёнияи ин вазорат омадааст, ки иқдомоти бидуни мутолеъа ва фасодзада будани мақомоти Укройн мунҷар ба бурузи буҳрони феълӣ ва марги афроди бегуноҳ дар ин кишвар шудааст.
Вазорати хориҷаи Қирғизистон масъулияти мақомоти феълии Укройнро муҳим хонда ва гуфтааст, ки бояд ҳама гуна иқдомот барои ҳифзи сулҳи шикананда ва саботи Укройн сурат бигирад ва аз истифода аз нерӯ парҳез шавад.
Қаблан, вазорати хориҷаи ин кишвар зимни як баёния гуфта буд, ки Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурии пешини Укройн, ки аз кишвар фирор кардааст, эътимоди мардумро комилан аз даст дода ва дигар раиси ҷумҳурии қонунии ин кишвар маҳсуб намешавад.
Қирғизистон дувумини кишвари узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд аст, ки натоиҷи ҳамапурсӣ дар минтақаи Кримеро эътироф кардааст.
Ду рӯз қабл, Вазорати хориҷаи Қазоқистон дар як баёния ҳамапурсӣ дар Кримеро баёнгари "раъйи озоди сокинони ин минтақа” хонда ва гуфта буд, ки “тасмими Русия дар шароити феълиро дарк” мекунад.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар вазъияти кунунӣ дар Укройн ва асароти ҳаводиси ин кишвар дар тавсеъаи иқтисоди Қазоқистонро матраҳ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Евгений Перебийнис , сухангӯйи Вазорати хориҷаи Укройн, ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ин ниҳод дар садад аст сафири Қазоқистон дар шаҳри Киевро ба Вазорати хориҷаи Укройн фаро хонда ва аз ӯ тавзеҳи мавзеъи расмии ин кишвар нисбат ба ҳаводиси Укройнро тақозо кунад.
Аз замони оғози буҳрони Укройн дар моҳи ноябри соли гузашта то ба ҳол Тоҷикистон мавзеъи расмии худро нисбат ба ин ҳаводис, аз ҷумла дар бораи натоиҷи ҳамапурсӣ дар Криме, эълом накардааст.
