Боз шудани ду гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Масъулони Идораи гумруки Тоҷикистон мегӯяд тараддуди васоили нақлия аз ду гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистон аз дирӯз оғоз шудааст.
Гузаргоҳҳои мавсум ба “Гулистон” ва “Қарамиқ”, ки дар марзи муштараки Қирғизистон дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷиргатол воқеъанд, ба таври комил ба кор шурӯъ кардаанд.
Ҳарчанд гуфта мешавад, ки масъалаи иҷозаи убуру мурур дар се гузаргоҳи дигари миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳал шуда, вале ҳанӯз ин се гузаргоҳ танҳо ба таври якҷониба фаъъолият доранд.
Нурулло Шарипов, сухангӯйи Идораи гумруки Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 1 апрел ба Би-би-сӣ гуфт: "Аз дирӯз шумори зиёде аз мошинҳое, ки дар он сӯйи марз гир карда буданд, ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд. Дар ду рӯзи оянда се гузаргоҳи дигар низ ба кор шурӯъ мекунанд."
Ҷониби Қирғизистон баъд аз воқеъаи 11 январи соли ҷорӣ дар минтақаи Ворух дар марзи муштарак бо Тоҷикистон, ба таври якҷониба тронзит ва ҳамлу нақл аз тариқи қаламрави хеш ба Тоҷикистонро дар панҷ гузаргоҳи марзӣ маҳдуд карда буд.
Рӯзи 11 январ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз даргирие рух дод, ки ба захмӣ шудани шаш марзбони қирғизу ду марзбони тоҷик мунҷар шуд.
Ба дунболи ин воқеъа ҳайъатҳои корӣ аз ду кишвар дар мулоқотҳое сабабҳои аслии сар задани ин даргириро баррасӣ ва барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи чунин воқеъот тадобиреро иттихоз карданд. Ҳарчанд ҳар ду ҷониб аз ироаи иттилоъоти бештаре дар мавриди ҷузъиёти тавофуқоти бадастомада худдорӣ мекунанд.
