Барқияи тасаллияти Қирғизистон ба Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар иртибот ба вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ дар Тоҷикистон, ки талафоти ҷонӣ ба дунбол дошт, ибрози тасаллият кардааст.
Дар барқияи Эрлан Абдулдоев, вазири хориҷаи Қирғизистон унвонии Сироҷиддин Аслов, ҳамтои тоҷики худ ба хонаводаҳое, ки бар асари ҳаводиси табиъӣ дар манотиқи ҷанубу шарқи Тоҷикистон пайвандони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ шудааст.
Зимнан, шаби 12 бар 13 апрели соли ҷорӣ бар асари борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел дар рустоҳои навоҳии Шӯрообод ва Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон 15 нафар, аз ҷумла, 8 кӯдак кушта шуданд.
Ҳамчунин, бар асари ин ҳаводиси табиъӣ дар ин ду ноҳия беш аз 300 манзили маскунӣ осеб дида ва беш аз 10 хона комилан тахриб шудаанд.
