Нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон дидор мекунанд
Image copyrightBBC World ServiceНахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд дар поёни моҳи ҷорӣ бо баргузории мулоқоте масоили марзии миёни ду кишварро ба баррасӣ бигиранд.
Ин матлабро Абдураҳмон Маматалиев, муъовини нахуствазири Қирғизистон, рӯзи ҷумъаи 11-уми апрел дар ҷаласаи ҷиноҳи “Ата-Журт” дар порлумони ин кишвар эълом кардааст.
Дар нимаи ҳафтаи ҷорӣ нахуствазирони ин ду кишвар гуфтугӯе телефунӣ анҷом доданд ва қарор шуд, ки бояд дидоре низ бо ҳам дошта бошанд.
Оқои Маматалиев ба вакилони порлумон хабар дода, ки аз соли 2002 ба ин сӯ ҷонибҳо сӣ ҷаласа барои таъйини хутути марзӣ баргузор кардаанд, вале то ҳол ин мушкил комилан рафъ нашудааст.
То ҳол аз 970 килуметр марзи муштарак танҳо 560 килуметр таъйин шудааст. Вай афзудааст: "Дар марз манотиқи зиёди мавриди баҳс вуҷуд доранд. Вале мо дар садад ҳастем роҳе пайдо кунем, ки ҳарду ҷонибро қонеъ созад."
Дар ҳамин ҳол, Раимбердӣ Дуйшенбиев, раиси Идораи марзбонии Қирғизистон, ахиран эълом карда, ки кишвараш тасмим гирифтааст дар марзи муштарак бо Тоҷикистон чаҳор адад воҳидҳои марзбонии изофӣ таъсис бидиҳад.
Вай афзудааст: "Ду воҳиди изофӣ дар минтақаи Лайлак ва дутои дигар дар минтақаи Ботканд воқеъ мешаванд. Дар ҳар як воҳиди марзбонӣ ҳашт манзили маскунӣ низ барои афсарон бунёд мешаванд."
Оқои Дуйшенбиев ҳамчунин гуфтааст, ки Қирғизистон пайваста нерӯҳои марзбонияшро афзоиш медиҳад ва ин амр ба таъмини амният дар марзҳои кишвар мусоъидат мекунад.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи огоҳ дар идораи умури марзбонии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки давлати ин кишвар низ ба тақвияти ҳифозат аз марзҳояш алоқаманд аст. Ҳарчанд дар ин замина оморе ироа нашуда, вале таъкид мешавад, ки дар пайи даргирии ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон нерӯҳои марзбонӣ дар ин минтақа тақвият дода мешаванд.
Дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз дар минтақаи Ворух-Оқсой даргирие рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб чанд захмӣ барҷо гузошт.
Мақомоти Қирғизистон дар вуқӯъи ин ҳодиса низомиёни тоҷикро муқассир хондаанд. Вале низомиёни тоҷик ин иддаъоро рад карда ва баръакс иддаъо доранд, ки ҷониби Қирғизистон алорағми таъаҳҳудоти худ ба сохтмони як роҳи мошингард дар қаламрави Тоҷикистонро идома дода ва нахуст тирандозӣ кардаанд.
Ин ҳодиса ба таниш дар равобити миёни ду кишвар мунҷар шуд ва ҷониби Қирғизистон гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро масдуд кард. Ҳарчанд дар поёни моҳи гузашта ин гузаргоҳҳо дубора фаъъол шуданд, вале ҳар ду кишвар дар пайи ин амр хисоротеро мутаҳаммил шудаанд.
