Гузаргоҳҳои марзӣ бо Қирғизистон ҳамчунон баста аст
Image copyrightBBC World ServiceИдораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки то ҳол гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон бо ин кишвар баста боқӣ мондаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон пас аз музокироти ҳайъатҳои ду кишвар дар Душанбе рӯзи 3 марти соли ҷорӣ гуфта буд, ки дар назар аст рӯзи чаҳоршанбеи 5 март гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар боз шаванд.
Як манбаъ аз сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар мавриди боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ тавофуқ ҳосил шуда, аммо таърихи он эълом нашуда буд.
Ин манбаъ гуфт, ки субҳи чаҳоршанбеи 5 март бахши умдаи аъзои ҳайъати давлати Қирғизистон Душанберо ба қасди Бишкек тарк карда ва ҳамакнун давлати Қирғизистон мавзӯъи боз кардани гузаргоҳҳояш бо Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, мумкин аст дар зарфи ҳафтаи ҷорӣ ин мушкил ҳал шуда ва роҳ барои рафту омади озоди сокинони Тоҷикистону Қирғизистон боз шавад.
Бино ба иттилоъи Идораи гумруки Тоҷикистон, роҳҳои иртиботӣ аз тариқи Қирғизистон ба Чин, Русия, Қазоқистон ва кишварҳои Урупо барои Тоҷикистон муҳим буда ва дар соли гузашта беш аз 15 дарсади колоҳои Тоҷикистон аз тариқи Қирғизистон содир ва ворид шудаанд.
Зимнан, дар пайи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 6 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуданд ва равобити миёни ин ду кишвар ба сардӣ гароид.
Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистонро бастааст.
Ҳамчунин, Қирғизистон сафири худ дар шаҳри Душанберо “барои машварат” ба Бишкек фаро хонд ва Вазорати хориҷаи Қирғизистон зимни як ёддошт аз пойин бурдани сатҳи намояндагияш дар Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилоъи Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон, ҳамакнун сафир Урмат Саралиев ба шаҳри Душанбе бозгашта ва дубора ба фаъъолият пардохтааст.
Дар ҳоле ки марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунон баста боқӣ мондааст, хабаргузории "24kg"-и Қирғизистон аз боздошти қочоқбарони қирғиз дар ин марз хабар додааст.
Ин хабаргузорӣ аз қавли манобеъи Идораи марзбонии Қирғизистон хабар дода, ки дар минтақаи Айдаркени марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ду қочоқбари қирғиз, ки қасд доштанд аз Тоҷикистон ба ин кишвар маводди ғизоӣ ворид кунанд, боздошт шудаанд.
Нерӯҳои марзбонии Қирғиз аз ин атбоъи кишвари худ 10 қуттӣ хома ва ҷурғот, ҳасиб ва маводди қаннодӣ бо арзиши 60 ҳазор соми қирғизиро мусодира кардаанд.
Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳодиса нерӯҳои марзбони Қирғизистон ба манзури ҷилавгирӣ аз қочоқи коло муроқибат дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро ташдид кардаанд.
