Даргирии тоза дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

  • 17 Феврал, 2014

Дар ҳаволии рустои Ворух дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни атбоъи ин ду кишвар даргирии тоза рух додааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин ҳодиса шаби 15 ба 16-уми феврал дар назди постгоҳи марзии Қапчигойи Қирғизистон дар ҷоддаи роҳи миёни Ворух ва шаҳри Исфара рух додааст.

Мулломасъуд Бобоев, шаҳрванди тоҷик, бо худрави худ наздики ин постгоҳи марзӣ мешавад, вале чаҳор нафар қирғизтабороне, ки гуфта мешавад сархуш буданд, бидуни далоиле василаи нақлияи ӯро сангборон ва сипас аз ҷойи ҳодиса фирор мекунанд.

Оқои Бобоев ба маъмурони пулиси Тоҷикистон баёнот додааст, ки ҳамроҳи афроди муҳоҷим Маматқулов М. ном нафаре, ки муъовини фармондеҳи постгоҳи Қапчигой аст, низ будааст. Вале оқои Маматқулов барои ҷилавгирӣ аз ин иқдом тадобире рӯйи даст нагирифтааст.

Маъмурони пулиси Исфара мегӯянд, ки танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ ин барои бори севвум аст, ки чунин аъмоли харобкорӣ аз сӯйи атбоъи Қирғизистон рух медиҳанд. Вале ҷониби Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи увзоъ дар минтақаи марзӣ бозрасии ин ҳаводисро ба ҷониби Қирғизистон таҳвил медиҳад.

Зимнан, 11-уми январи соли ҷорӣ дар минтақаи Хоҷа Аъло миёни марзбонони қирғизу тоҷик даргирие рух дод, ки ба захмӣ шудани 8 нафар низомиёни ҳар ду ҷониб мунҷар шуд. Баъд аз ин ҳодиса ҷониби Қирғизистон гузаргоҳҳои марзии худ бо Тоҷикистонро масдуд кард.

Кумиссиюни муштарак барои бозрасии ин ҳодиса то ҳол натоиҷи ниҳоии кори худро эълом накардааст.

Вале дар як моҳи ахир муъовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон барои бори чандум музокирот карданд ва ҳамакнун қарор аст, ки даври дигари ин мулоқот дар моҳи оянда дар Душанбе баргузор шавад.