Оғози хурӯҷи нерӯҳои изофӣ аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон

  • 29 Январ, 2014
Марзи тоҷику қирғизImage copyrightBBC World Service
Image caption Эъзоми нерӯҳои изофӣ ба минтақаи марзии мавриди баҳс баъд аз вуқӯъи даргирӣ миёни марзбонони ду кишвар сурат гирифта буд

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон бо пахши баёнияе аз оғози хурӯҷи нерӯҳои интизомӣ ва низомии изофӣ аз марзи муштараки кишварашон бо Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилоъияи дафтари матбӯъотии Идораи марзбонии Қирғизистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 29 январ пахш шуд, хурӯҷи ин нерӯҳо аз дирӯз оғоз шуда ва ин иқдом дар пайи тавофуқи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизисон, ки рӯзи 15 январ гирифта шуд, сурат мегирад.

Ин тавофуқ дар ҷараёни музокироти ҳайъатҳои ду ҷониб дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, ки 5 январ доир шуд, ҳосил шудааст.

Он замон ду тараф прутукулеро ба имзо расонда буданд, ки дар чорчӯби он хурӯҷи нерӯҳои изофӣ аз минтақаи марзии мавриди баҳс дар авлавият қарор дошт ва пас аз берун бурдани ҷузъу томҳои марзбонӣ ва пулиси ҳар ду кишвар аз минтақаи мавриди баҳс, танҳо нерӯҳои марзбони маҳаллӣ аз марзи ду кишвар муроқибат хоҳанд кард.

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ҳамчунин хабар додаанд, ки вазъият дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ором аст, аммо музокироти дуҷониба дар мавриди масоили марзӣ идома дорад.

Дар баёния омадааст, ки дар ҷараёни ин музокирот намояндагони ду ҷониб масоили марбут ба ҳалли муноқишаи марзӣ ва иқдомоти муштарак барои ҷилавгирӣ аз воқеъоти мушобеҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд.

Дар ҳоле ки марзбонони қирғиз аз оғози хурӯҷи нерӯҳои изофӣ аз марзи муштарак хабар медиҳанд, маъсулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ироаи иттилоъ дар мавриди ин ки оё ин нерӯҳо низ ҳамзамон бо ҳамтоёни худ аз маҳал хориҷ мешаванд ё хайр, худдорӣ кардаанд.

Аммо бар асоси тавофуқи фимобайн, хурӯҷи нерӯҳои изофии низомӣ ва интизомӣ бояд ҳамзамон сурат бигирад ва бо таваҷҷуҳ ба ин нукта ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон низ нерӯҳои изофии худро имрӯз аз марз ба макони хидмати доимияшон бозпас мефиристад.

Эъзоми нерӯҳои изофӣ ба минтақаи марзии муштараки Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз вуқӯъи даргирӣ миёни марзбонони ду кишвар дар 11 январи соли ҷорӣ сурат гирифта буд.

Дар ин даргирӣ, ки дар минтақаи марзии байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон рух дод, шаш марзбони қирғиз ва ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Дар пайи ин воқеъа ҷониби Қирғизистон ба таври якҷониба убуру мурур аз панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистонро масдуд кард ва ҳоло маълум нест, ки бо хурӯҷи нерӯҳои изофӣ аз марз ин гузаргоҳҳо дубора комилан фаъъол хоҳанд шуд ё хайр.

Матолиби муртабит