'Пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ба рафъи масоили марзӣ кумак мекунад'

  • 28 Январ, 2014
Нақшаи марзи қирғиз ва тоҷик
Image caption Як мақоми Қирғизистон гуфта, ки пайвасти кишвараш ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистону Узбакистонро ба нафъи қирғизҳо ҳал хоҳад кард

Як мақоми Вазорати иқтисоди Қирғизистон гуфтааст, ки дар сурати пайвастани кишвараш ба Иттиҳодияи гумрукӣ зарфияти он барои тақвияти муроқибат аз марзҳояш афзоиш хоҳад ёфт.

Хабаргузории “24kg”-и Қирғизистон рӯзи сешанбеи 28 январ навишта, ки Данил Ибраев, муъовини вазири иқтисоди ин кишвар, дар ин бора дар як мизи гирд дар шаҳри Бишкек сухан гуфтааст.

Оқои Ибраев гуфтааст, ки тақвияти муроқибат аз марз яке аз усули Иттиҳодияи Гумрукӣ буда ва дар ин сурат масоили марбут ба манотиқи марзии мавриди баҳс низ ҳал хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин нукта дар нақшаи роҳи узвияти ин иттиҳодия низ зикр шудааст.

Аммо оқои Ибраев гуфтааст: “Аз ҷониби Тоҷикистон ва Узбакистон дар мавриди манотиқи марзӣ тафсирҳои мухталифе вуҷуд дорад. Аммо бибинед, ки ҳоло дар марз бо ин кишварҳо чи ититфоқоте рух медиҳад?”

Вай афзудааст: “Ҳангоме, ки мо ба Иттиҳодияи Гумрукӣ мепайвандем, ин масъаларо бо ҳамроҳии чаҳор кишвари дигари узви он ҳаллу фасл хоҳем кард.”

Ин мақоми қирғиз илова карда, ки “таҳдиди таҷовуз аз ҳамсояҳо вуҷуд дорад.” Вай гуфта, ки кишварҳои ҳамсоя аз анҷоми музокирот барои аломатгузорӣ ва таъйини хутути марзӣ худдорӣ мекунанд.

Вай таъкид кардааст: "Дархостҳои моро дар бораи ҳалли ин масъала дар мизи мудаввар онҳо рад мекунанд. Аммо ҳангоме ки мо ба иттиҳодия пайвандем, онҳо водор мешаванд, ки ин амрро иҷро кунанд."

Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2013 дархости пайвастан ба Иттиҳодияи Гумруки карда буд. Фаъъолияти ин иттиҳодия дар тобистони соли 2010 оғоз шуд ва се кишвар аз ҷумлаи аъзои Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд, яъне Русия, Белорус ва Қазоқистон, узви он ҳастанд.

Дар пойизи соли 2013 ин се кишвари узви Иттиҳодияи Гумрукӣ эълом карданд, ки аз талошҳои Арманистону Қирғизистон барои пайвастан ба ин ниҳод пуштибонӣ мекунанд.

Он замон раиси ҷумҳурии Русия дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, эълом кард, ки барои омода сохтани “нақшаи роҳ”-и пайвастани ин ду кишвар ба Иттиҳодияи Гумрукӣ гурӯҳе корӣ таъсис шудааст. Аммо дар мавриди ин ки дар ҳоли ҳозир фаъъолияти ин гурӯҳ то куҷо расида, иттилоъе дар даст нест.

Пешниҳоди мақоми қирғиз барои пайвастани сареъи Қирғизистон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ баъд аз ду ҳафтаи вуқӯъи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар марзи муштараки ин кишварҳо дар байни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодккнди он кишвар садо медиҳад.

Аз сӯйи дигар, яке аз намояндагони порумони Қирғизистон рӯзи қабл дар ҷаласаи порлумон пешниҳод кардааст, ки Қирғизистон ҳарими ҳавоияшро барои Тоҷикистон масдуд кунад.

Ҳамчунин, расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки Тоҷикистон омода аст, ки як кумисисюни муштарак қазияи рӯзи 11 январ дар марзи муштараки ду кишварро таҳқиқ кунад.

Масъулони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз ироаи ҳар гуна иттилоъ дар бораи марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон худдорӣ мекунанд.

Рӯзи 11 январ дар як даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар минтақаи марзии байни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд шаш марзбони қирғиз ва ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Ин даргирӣ пас аз он шурӯъ шуд, ки гурӯҳе аз марзбонон ва атбоъи қирғиз мехостанд дар минтақаи мавриди баҳси ду кишвар ҷоддае утумубилрав созанд.

Вазъ дар ин минтақаи миёни Тоҷикистону Қирғизстон аз замони Шӯравӣ печида буда ва дар ду даҳаи ахир дар ин минтақаи марзӣ гаҳгоҳе муноқишоте миёни мардуми ду сӯйи марз бар сари истифода аз манобеъи об ва қитаъоти замин сар мезад.

Бо вуҷуди ин душвориҳо бо гузашти беш аз бист сол аз замони касби истиқлолашон, мақомоти ду кишвари Қирғизистон ва Тоҷикистон натавонистаанд мушкили аломатгузорӣ дар марзҳоро ҳал кунанд.

Матолиби муртабит