Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро боз мекунад
Image copyrightBBC World ServiceЯк манбаъи Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар тасмим гирифтааст марҳила ба марҳила гузаргоҳҳои марзиаш бо Тоҷикистонро боз кунад.
Гуфта мешавад, шоми душанбеи 3 март, дар ҷараёни дидори ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти раёсати Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов, муъовинони нахуствазирони ин ду кишвар дар ин замина тавофуқ ҳосил шудааст.
Бино ба баёнияи Вазорати хориҷаи Қирғизистон, ки дар сойти "mfa.kg" мунташир шудааст, дар ин дидор ҷонибҳо дар мавриди бунёди ду пули иртиботӣ ва роҳи утумубилрав низ тавофуқ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар сойти расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди масоили марзӣ иттилоъе пахш нашудааст.
Дар фарҷоми дидори ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе протукуле имзо шудааст, ки дар он ба тасреъи корҳои таъйини хутути марз миёни ин ду кишвар ва ҳамкории ниҳодҳои интизомию ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистону Қирғизистон барои таъмини субот ва амният дар манотиқи марзӣ таъкид шудааст.
Дар дидори қаблии ин ҳайъатҳо барои таҳқиқи даргирии миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар 11 январи соли ҷорӣ се гурӯҳи корӣ таъсис шуда буд.
Бар асари ин даргирӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуда ва равобити миёни ин ду кишвар ба сардӣ гароид.
Ҷонибҳо ҳамдигарро дар нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистон баст.
Ҳамчунин, Қирғизистон сафири худ дар шаҳри Душанберо “барои машварат” ба Бишкек фаро хонда ва Вазорати хориҷаи Қирғизистон зимни як ёддошт аз поин бурдани сатҳи намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилоъи Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон ҳамакнун сафир Урмат Саралиев ба шаҳри Душанбебозгашта ва дубора ба фаъъолият пардохтааст.
Дар солҳои қаблӣ низ дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифатҳое буруз карда, аммо аз тариқи гуфтушунид мушкилоти марзӣ ҳалл шуда буд.
Аз ҷумла, дар соли гузашта дар марзи Қирғизистон бо Ӯзбакистон ба далели насби фиристандаҳои амвоҷи телевизиюну родию дар манотиқи марзӣ аз ҷониби Ӯзбакистон ва бунёди хатти барқ дар наздики анклави Сух дар ҳудуди Қирғизистон муноқишоте рух дода буд.
Бино ба иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон роҳи утумубилӣ дар масири Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар моҳи апрели соли гузашта шурӯъ шуда ва ин амр ба ташаннуҷи узво дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар шудааст.
Имтидоди ин роҳ 7,1 килуметр буда, дар он ҷо 7 мошинолоти роҳсозӣ фаъъолият мекунад. Ҳазинаи ин роҳ 41,8 милюн соми Қирғизистон ё ҳудуди 8 милюн дулор арзёбӣ мешавад.
Интизор мерафт, дар дидори шаҳри Душанбе пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар мавриди аз вазъи ҷазирақаламрав ё анклав баровардани рустои Ворухи Тоҷикистон ба ивази рияоти Тоҷикистон ба сохтмони роҳи утумубилрави масири Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон, ки дар минтақаи баҳснок бунёд мешавад, баррасӣ шавад. Аммо ҷониби Қирғизистон аз баррасии ин пешниҳод худдорӣ кардааст.
Имтидоди марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 килуметр буда ва аз ин ҷумла танҳо 504 килуметри хатти марз таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон зимни мушаххас сохтани марзи муштарак ба истифода аз нақшаи марзбандӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1924 пойфишорӣ карда, аммо ҷониби Қирғизистон дар ин замина ба нақшаи соли 1989 увлаият қоил аст. Ба далели ин гуна ихтилофи назар раванди таъйини хутути марз тақрибан вориди бумбаст шудааст.
