Ҳайъате аз мақомоти аршади тоҷик барои музокира ба Бишкек рафт

  • 30 Январ, 2014
Рустам МенглиевImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Менглиев дар мавриди ҷузъиёти масоили матруҳа дар Қирғизистон иттилоъ надод

Ҳайъате аз мақомоти баландпояи ин кишвар барои музокира дар мавриди ихтилофи марзӣ бо Қирғизистон ба шаҳри Бишкек, пойтахти он кишвар, сафар кардааст.

Рустам Менглиев, вазири додгустарии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 30 январ дар нишасти матбӯъотии ин вазорат гуфт, ки ин ҳайъатро Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазир, сарпарастӣ мекунад.

Оқои Менглиев гуфт: "Масъала ниҳоятан ҷиддӣ аст ва сухан дар мавриди дуруст ё нодурустии ҷонибҳо меравад. Суҳбат аз муаъмоҳоест, ки ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ барои кишварҳои минтақа боқӣ мондааст. Ва ин мушкилот дар бисёре аз кишварҳои дигар низ вуҷуд доранд."

Вай афзуд, ки дар Бишкек ҳайъатҳои ду ҷониб масоили марзии байни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард ва баъд аз поёни музокирот натиҷаи ниҳоиро метавон интизор дошт. Вале ӯ дар бораи ҷузъиёти ин музокирот иттилоъ надод.

Бархе аз вазирон ва раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳур дар умури амният, низ дар ин ҳайъат ҳастанд.

Ин ҳайъат шомили Муҳаммадтоҳир Зокиров, раҳбари Кумитеи давлатии идораи замин ва геодезӣ, низ буда ва ба гуфтаи манобеъи огоҳ мавзӯъи аслии музокира дар Бишкек таъйини хутути марзӣ ва рафъи ихтилофот бар сари арозии мавриди баҳси ду кишвари ҳамсоя аст.

Ихтилоф бар сари ин арозӣ ахиран ба таниш ва даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар минтақаи Ворух, воқеъ дар марзи байни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон мунҷар шуд.

Дар ин даргирӣ, ки рӯзи 11 январ дар рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон сурат гирифт, дастикам шаш марзбони қирғиз ва ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Рӯзи гузашта Идораи умури марзбонии Қирғизистон бо пахши баёнияе аз хурӯҷи нерӯҳои изофии он кишвар аз минтақаи мавриди баҳс дар марзи муштарак бо Тоҷикистон хабар дод.

Аммо ба дунболи пахши ин баёния расонаҳои Қирғизистон навиштаанд, ки вазорати хориҷаи он кишвар як ёддошти эътирозӣ дар мавриди вуруди дастаи Шоҳ Искандаров ба деҳистони Ворухи ноҳияи Исфара ба ҷониби Тоҷикистон ирсол кардааст.

Хабаргузории "24kg"-и Қирғизистон дар истинод ба мақомҳои марзбонии ин кишвар навишта, ки Шоҳ Искандаров бо беш аз сад нафар аз аъзои дастаи хеш дар деҳистони Ворухи ноҳияи Исфара қарор дорад.

Женерол Искандаров, ки аз фармондеҳони нерӯҳои мухолиф дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон (1992-1997) буд, ки акнун риёсати пулис дар шаҳри Турсунзода, дар 60-килуметрии ғарби Душанбе, пойтахтро, ба уҳда дорад.

Мақомоти Тоҷикистон иддаъоҳои мабнӣ бар эъзоми ӯ ва нерӯҳои зердасташро ҳанӯз таъйид накардаанд, вале дар гузашта оқои Искандаров дар ҳаллу фасли буҳронҳои амниятӣ дар бархе аз манотиқи ин кишвар, аз ҷумла дар амалиёти тобистони соли 2012 дар Бадахшон, нақш доштааст.

Матолиби муртабит