Тарҳе барои истифодаи муассир аз захоири оби рӯдхонаи баҳсбарангези Исфара
Image copyrightBBC World ServiceДар як ҳамоиш усули иқтисодию молии идораи манобеъи оби минтақа, бахусус захоири оби рӯдхонаи Исфара дар шимоли Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилоъи Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯйи дафтари Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон, ин ҳамоиш рӯзи панҷшанбеи 27 феврал дар чорчӯби тарҳи “Пуштибонӣ аз созмонҳои обрасон дар Осиёи Марказӣ”-и ин иттиҳодия ва Созмони ҳамкорҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, баргузор шудааст.
Ба гуфтаи хонуми Абдуллоева, ба ин нишаст аъзои гурӯҳи кории таҳия ва иҷрои тарҳи истифода аз захоири оби рӯдхонаи Исфара, ки шомили намояндагони идораҳои об, ҳифзи муҳити зист, мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва масрафкунандагони об мешавад, даъват шудаанд.
Зимнан, дар моҳи ҷорӣ нақшаи ҳавзаи рӯдхонаи Исфара бо шумули аснод дар мавриди вазъияти ҳавзаи рӯдхона ва тадобир барои рушди ин ҳавза таҳия шудааст.
Дар ҳамоиши шаҳри Хуҷанд наҳваи танзими раванди иқтисодии идораи захоири об ва таҷрубаи кишварҳои хориҷӣ дар ин замина баррасӣ шудааст.
Ҳазинаи тарҳи “Пуштибонӣ аз созмонҳои обрасонӣ дар Осиёи Марказӣ”-и Иттиҳодияи Урупо 2 милюн юру арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин, Вазорати хориҷаи Олмон барои иҷрои ин тарҳ 500 ҳазор юру ихтисос додааст.
Дар соли 2007 ба манзури ҳамкорӣ аз захоири оби ҳавзаҳои рӯдхонаҳои фаромарзӣ Кумисиюни муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсис шуда буд.
Аммо дар солҳои ахир дар масоили тақсими манобеъи об миёни сокинони навоҳии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мухолифатҳое буруз карда ва дар бархе маворид ба задухӯрд анҷомидааст.
Мақомоти Қирғизистон далели даргирии ахир миёни марзбонони ин ду кишварро ба ихтилофи назарҳои тоҷикону қирғизҳо бар сари тақсими манобеъи оби рӯдхонаи Исфара марбут хондаанд.
Ба гуфтаи онҳо дар сурати эҳдоси роҳи утумубилрав дар манотиқи мавриди баҳси Оқсой имкони дастрасии сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба манобеъи об маҳдуд хоҳад шуд.
Тибқи иттилоъи ҷониби Қирғизистон, феълан аз 80 дарсади манобеъи оби рӯдхонаи Исфараро, ки аз рӯдхонаи Оқсу дар Қирғизистон сарчашма мегирад, сокинони Тоҷикистон истифода мекунанд.
Бар асари даргирӣ дар манотиқи марзии навоҳии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, ки 11 январ рух дод, 6 марзбони қирғиз ва 3 марзбони тоҷик захмӣ шуда буданд.
Дар пайи ин ҳодиса равобити Қирғизистону Тоҷикистон тира шуда, Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст ва сафири худро аз Душанбе ба Бишкек фаро хонд.
Рӯдхонаи Исфара аз оби пиряхҳои кӯҳистони мавсум ба "Туркистон" маншаъ гирифта, баъдан рӯдхонаҳои кӯчаки Оқсу, Каравшан ва Исфана ба ин рӯдхона мепайванданд.
Тӯли рудхонаи Исфара 130 килуметр буда, аз ҳудуди Қирғизистону Тоҷикистон убур мекунад ва дар ҳудуди ҳавзаи ин рӯдхона 185 ҳазор нафар ба сар мебаранд.
