Тавофуқ барои тасреъи раванди таъйини хутути марзӣ бо Қирғизистон
Image copyrightBBC World ServiceҲайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек дар мавриди тақвияти фаъъолияти гурӯҳҳои корӣ барои таъйини хутути марзии ду кишвар тавофуқ кардаанд.
Хабаргузории AKИpress-и Қирғизистон навишта, ки тайи ду рӯзи баррасии ин масоил дар бустонсароии давлатии “Ало Арча” дар пойтахти Қирғизистон ду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, ки фаъъолияти гурӯҳҳои корӣ барои аломатгузорӣ дар марзҳои муштарак тақвият шавад.
Ҳамчунин, ин ҳайъатҳо, ки таҳти сарпарастии Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, ва Токон Мамитов, муъовини нахуствазири Қирғизистон, рӯзҳои 30 ва 31 январ машғули музокира дар бораи даргирии марзии рӯзи 11 январ буданд, тавофуқ кардаанд, ки тамоми нерӯҳои изофии низомӣ ва интизомӣ аз минтвқаи марзии ду кишвар берун бурда шаванд.
Ин хабаргузорӣ дар истинод ба дафтари матбӯъотии Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон навишта, ки ду тараф мулоқоти ояндаро дар ин робита авосити моҳи феврал доир мекунанд.
Масъулони вазорати хориҷаи Қирғизистон ҳамчунин гуфтаанд, ки ба ин тартиб ихтилофоти марзӣ, ки ба бурузи таниш дар минтақаи марзии ду кишвар мунҷар шуда буд, ҳаллу фасл шудааст.
Тавре ки дар хабар омада, "ҷониби Тоҷикистон аз Қирғизистон дархости баргузории ин мулоқотро карда будаст."
Ҷузъиёти бештаре дар бораи тавофуқоти бадастомада пахш нашудааст, аммо хабаргузории “24kg”-и Қирғизистон навишта, ки намояндагони порлумони он кишвар пешниҳод дар мавриди таъсиси як кумисиюни вижа барои баррасии масоили марзиро тасвиб накардааст.
Ин пешниҳод дар ҷаласаи навбатии порлумони Қиғизистон, ки дар он гузориши мақомоти зидахл дар бораи вазъияти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи марзӣ баррасӣ шуда буд, ироа шудааст.
Нодира Норматова, яке аз намояндагони маҷлис, гуфтааст, ки ба таъсиси ин кумисиюн ниёзе нест.
Вай афзудааст: "Аз моҳи июли соли 2013 кумисиюне барои баррасии ин масъала фаъъолият дошт ва дар бораи натоиҷи кори худ қатъномае содир кард. Имрӯз мо онро милок қарор дода ва бандҳое ба он изофа ё аз он ҳазф мекунем."
Хабаргузории Қирғизистон менависад, ки дар пешнависи ин қатънома ба таъсиси як идораи давлатӣ барои сабт ва мумаййизии арозии мавриди баҳси Қиғизистон бо Тоҷикистон ва Узбакистон ишора шудааст.
Дар ин санад гуфта шуда, ки то анҷоми аломатгузории марз миёни се кишвар, мақомоти маҳаллӣ дар манотиқи марзӣ муваззаф хоҳанд шуд, ки корҳои ҳадафмандонаеро барои мубориза бо "ишғоли ғайриқонунии заминҳо ва бегона шудани заминҳо ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ" роҳандозӣ кунанд.
Ҳамчунин, намояндагони порлумони Қирғизистон ба мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод кардаанд, ки барои сокинони кишварҳои ҳамсоя чаронидани ҳайвонотро дар чарогоҳҳои ин кишвар мамнӯъ кунанд.
Дар даргирие, ки байни марзбонони тоҷик ва қирғиз рӯзи 11 январ дар рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон рух дод, дастикам шаш марзбони қирғиз ва ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд.
Аз он замон то кунун порлумони Қирғизистон ин масъаларо пайваста дар ҷаласоти худ баррасӣ кардааст, аммо аъзои порлумони Тоҷикистон ҳеҷ вокунише ба ин қазия накардаанд.
