Қирғизистон: Пешниҳоде бораи пайванди арзии Ворух бо Исфара нагирифтаем

  • 11 Феврал, 2014
марз
Image caption Вуҷуди бурунбумҳо ва дарунбумҳо дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна мероси сиёсати замони Шӯравӣ дониста мешавад

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд пешниҳодеро аз ҷониби Тоҷикистон дар мавриди пайванд додани бурунбуми Ворух ба қаламрави Тоҷикистон дарёфт накардаанд.

Токон Мамитов, муъовини нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон тайи 15 соли ахир аз Қирғизистон хостааст бо мубодилаи қисмате аз хоки худ бо хоки Тоҷикистон иҷоза бидиҳад бурунбуми Ворух ба Тоҷикистон пайванд ёбад, аммо Қирғизистон чунин пешниҳодро напазируфта ва нахоҳад пазируфт.

Суханони Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон дар мавриди дар мавриди эҳтимоли пайванд додани бурунбуми Ворух ба қаламрави Тоҷикистон, ки дар авохири ҳафтаи гузашта бо сокинон рустоҳои ҷамоъати Ворух баён дошт, боиси баҳс ва нигарониҳо дар Қирғизистон шудааст.

Дар сӯҳбатҳояш оқои Алимардонов, бо сокинони рустоҳои ҷамоъати Ворух гуфтааст, ки “Тоҷикистон барои аз ҳолати бурунбум берун кардани Ворух тамоми талоши худро хоҳад кард”.

Ин ҳарфҳои оқои Алимардонов боиси эътирозҳое зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз сиёсатмадорони Қирғизистон шудааст. Баъзе аз сиёсатмадорони қирғиз дар суханрониҳои худ бо расонаҳо мегӯянд, ки: “Агар Тоҷикистон воқеан мехоҳад, ба баҳсҳои марзии худ бо ҳамсояҳояш нуқта гузорад, бояд аз роҳи мусолиматомез кор гирад”

Аз муноқишаи рӯзи 11 январ дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба захмӣ шудани ду марзбони тоҷику панҷ марзбони қирғиз мунҷар шуд, як моҳ сипарӣ шуд.

Дар ин муддат ҷонибҳо талош доранд оромӣ ва суботро дар манотиқи марзии миёни ду кишвар нигоҳ доранд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Қирғизистон гаштҳои муштарак дар манотиқи марзии миёни ду кишварро роҳандозӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин амр ба хотири ҷилавгирӣ аз даргириҳои марзии бештар байни сокинони рустоҳои мантақаи Хоҷа Алои Қирғизистон ва ҷамоъати Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон иҷро мешавад ва ҳадаф аз он нигаҳдории назму амният, таъмини ҳаракати бемамонеъати васоили нақлия дар манотиқи марзӣ ва бозгардондани суботи доимӣ аст.

Масъулини мақомоти марзбонии ду кишвар ҳар рӯз дар ҳашт мантақаи марзӣ гаштҳои муштарак анҷом медиҳанд.

Гаштҳои муштарак аз соати 9 субҳ то соати 22 шаб сурат мегиранд. Дар се масир марзбонҳо аз тариқи мошин манотиқи Чоркӯҳ-Оқсой, Сомониён-Кӯктош ва Ворух-Оқсойро ҳамарӯза гашт мезананд.

Масирҳои гаштзании муштарак бо мушорикати кормандони ниҳодҳои қудратии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Қирғизистон иҷро хоҳанд шуд

Чунин тасмим баъди ҳодисае, ки байни марзбонони қирғизу тоҷик дар минтақаи марзии миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон рӯзи 11 январ рухдод ва боиси бурузи баҳсҳо дар равобити ду кишвар шуд, гирифта шудааст.

Ҷониби Қирғизистон дар натиҷа марзашро бо Тоҷикистон баста ва ҳамчунин сафирашро низ аз Душанбе фаро хонда ва то ҳол ба Тоҷикистон нафиристодааст. Дар натиҷаи ин тирандозӣ дар марз Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.

Матолиби муртабит