Дидори ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек

  • 14 Феврал, 2014
Бишкек
Image caption Дар шаҳри Бишкек музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ шудааст

Дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” дар шаҳри Бишкек музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон перомуни масоили марзӣ шурӯъ шудааст.

Бино ба иттилоъи “AkiPress”, хабаргузории Қирғизистон, рӯзи ҷумъаи 14 феврал Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, бо Токон Мамитов, ҳамтои қирғизи худ, таниш дар марзи муштараки ин ду кишварро, ки дар пайи даргириҳо миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар 11 январи соли ҷорӣ ба миён омад, баррасӣ мекунанд.

Бар асари ин даргирӣ 5 марзбони қирғиз ва 3 марзбони тоҷик захм бардошта ва ин ҳодиса ба равобити миёни ду кишвар соя андохтааст.

Ба дунболи муноқишоти марзӣ Қирғизистон сафири худ дар шаҳри Душанберо фаро хонда ва ба таври якҷониба марзи худро ба рӯйи Тоҷикистон бастааст.

Тибқи гузориши ин хабаргузорӣ, Токон Мамитов, муъовини нахуствзири Қирғизистон ва раҳбари ҳайъати ин кишвар, дар оғози музокирот гуфтааст, ки кишвараш ба ҳалли мусолиматомези муноқишот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон алоқаманд аст.

Ба гуфтаи оқои Мамитов, дар ҷараёни музокироти феълӣ ҷонибҳо ба тасреъи раванди таъйини хутути марзи муштарак миёни ду кишвар ва иҷрои протукул, ки рӯзи 31 январ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз сӯйи ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон имзо шуда буд, таъкид кардаанд.

Тибқи ин протукул бояд ҷонибҳо нерӯҳои худро аз манотиқи марзӣ берун кашида, аз истифода аз силоҳ худдорӣ ва ба ниҳодҳои зирабт барои бозрасии ҳодисаи даргирӣ дар марз мусоъидат мекунанд.

Аммо ҷониби Қирғизистон муддаъӣ аст, ки то ҳол Тоҷикистон бархе аз воҳидҳои низомии худро аз манотиқи марзӣ берун накашидааст.

Матолиби муртабит