Ҳукумати Қирғизистон ба истеъфо рафт

  • 19 Март, 2014
Порлумони ҚирғизистонImage copyrightb
Image caption Эътилофи аксарият дар порлумони Қирғизистон фурӯ пошидааст

Дар пайи фурӯпошии эътилофи порлумонӣ Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди истеъфои ҳукумати ин кишвар фармоне содир кардааст.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “24.kg”, хориҷ шудани фроксиюни бузурги “Ота-Макон” аз эътилофи порлумонӣ ба пароканда шудани эътилофи аксарият дар порлумони Қирғизистон ва дар ниҳоят ба истеъфои ҳукумат мунҷар шудааст.

Осиё Сасиқбоева, узви фроксиюни “Ота-Макон” дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ далели хуруҷи ин фроксиюнро ба иттиҳомот дар мавриди олуда будани нахуствазир дар фасод марбут хондааст.

Дар баёнияи фроксиюни “Ота-*Макон” омадааст: “Захоири ахлоқию сиёсии Ҷонтӯра Сотиболдиев ба унвони нахуствазир тамом шуда ва аз ин баъд ӯ наметавонад чунин як мақоми олиро ба ӯҳда дошта бошад.”

Ин эътилоф дар 3 сентябри соли 2012 аз ҷониби фроксиюнҳои аҳзоби “Ота-Макон”, сусиёл-демукрот ва “Ар-Намис” низ шомил буданд.

Бар асоси Қонун дар бораи ҳукумати Қирғизистон дар сурати фурӯпошии эътилофи аксарият дар порлумон ҳукумати ин кишвар ба истеъфо рафта, аммо то замони ташкили ҳукумати ҷадид фаъъолияти худро идома медиҳад.

Интизор меравад, рӯзи душанбеи 24 март раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба яке аз фроксиюнҳои порлумонӣ ҳаққи таъсиси эътилофро дода, ин эътилоф бояд дар муддати 15 рӯзи корӣ ташкил ва номзади худ ба мақоми нахуствазир ва барномаи амали ҳукуматро эълом кунад.